КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. 41 НАФАР БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ҚАДР ШУД
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 25-уми августи соли равон дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни фархундаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофоти олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супурданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар қатори кормандони дигар соҳаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма низ бо унвонҳои фахрӣ ва дигар мукофоти давлатӣ қадр шуданд.
2-юми сентябр зимни як ҳамоиши тантанавӣ дар Кумитаи телевизион ва радио ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба 18 корманд ва ҳунармандони дастаҳои ҳунарии тобеи Кумита мукофоти давлатӣ супурд.
Зимни чорабинӣ Асадулло Раҳмон ҳозиронро ба ифтихори 34-солагии Ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати сарфароз гардиданашон бо мукофоти давлатӣ самимона табрик намуд.
Тавре зикр шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи телевизиону радио ва таъмини шароити созгор барои кормандони соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Нақши воситаҳои ахбори омма, хусусан телевизиону радио, дар самтҳои ҳаёти ҷомеа муҳим буда, ба ташаккули афкори умум ва раванди демократикунонии ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд. Рисолати асосии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиону радио, дар вазъияти ҳассосу печидаи ҷаҳони имрӯз ҳидояти мардум ба илму донишомӯзӣ ва худшиносию ватандӯстӣ мебошад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба 14 нафар медали Хизмати шоиста ва ба 4 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурд.
Дар ин хусус ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Шоҳҷаҳон Қурбонов, сухангӯи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.09.2025 №: 170
