МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

04 сентябр 2025, Панҷшанбе
23
2-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амну субот ва густариши робитаҳои судманди байнидавлатӣ саҳми худро мегузорад.
Сарвари давлати мо бо таъкиди дастгирии ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ин ташаббус бо талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, сулҳи комил, амният ва рушди устувор ҳамсон аст ва барои пешбурди ҳадафҳои муштараки мо зарфияти зиёд дорад.
Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ду кишвар, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Мулоқот дар фазои дӯстиву самимият ҷараён гирифт.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон таъкид намуданд.
Муҳтарам Шаҳбоз Шариф, дар навбати худ, изҳор доштанд: “Дӯстию бародарии мову шумо ва мардумони Покистону Тоҷикистон аз қалб бармехезад ва мо ба ин баланд арҷ мегузорем”.
Масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика ва нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, техника ва амнияту мудофиа, муҳокима гардиданд. Рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ зарур дониста шуд.
Дар роҳи баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматиро муҳим донистанд. Дар ин замина, ҷонибҳо хостори бештар фаъол гардидани дигар василаҳои пешбурди ҳамкорӣ, аз ҷумла гурӯҳи кории нафту газ, энергетика ва Шурои муштараки соҳибкорон, шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ барои ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин самт таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар иқдоми муассир шумурда шуд. Алоқамандии кишвари мо барои дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои чаҳонӣ иброз гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва рушди бозори неруи барқ дар минтақа, аз ҷумла татбиқи саривақтии тарҳи CASA-1000, муҳим арзёбӣ гардид. Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ муҳокима шуд.
Зимни суҳбат натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Санаи нашр: 03.09.2025 №: 170