ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо президенти ФИФА 

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо президенти ФИФА 

03 май 2023, Чоршанбе
14
0

Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Рустами Эмомалӣ Ҷованни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуд.
Дар мулоқот сарварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.


Рустами Эмомалӣ дубора президенти CAFA интихоб шуд
Дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гашт, ки дар он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дубора ба муддати чаҳор сол президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Рустами Эмомалӣ пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба роҳбарони федератсияҳои футболи аъзои CAFA барои боварӣ изҳори сипос карда, зикр намуд, ки бо саъю кӯшиши якҷоя рушди футбол дар минтақа идома хоҳад ёфт.
Дар суханронии худ президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ва президенти КФО Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати дубора ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар рушди футбол дар минтақа комёбиҳо таманно карданд.


Президенти Туркия намояндагони Тоҷикистонро қадр кард
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар бартарафсозии пайомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли 2023 ва саҳмгузорӣ дар расондани ёрии башардӯстона аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. 
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исозода дар маросими тақдими медал ва ордени президентӣ «Барои хизмати шоистаи башардӯстона» ба намояндагони кишварҳое, ки дар бартарафсозии пайомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли равон ва расондани кумакҳои башардӯстона саҳм гузоштаанд, иштирок намуданд.


Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Туркия вохӯрданд
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии ин кишвар Бекир Шаҳин вохӯрд. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад.
Дар рафти он ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва масъалаи эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар баррасӣ гардиданд.
Дар гуфтушунид, ҳамчунин, идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, расондани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
 

Мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон
Дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара мулоқоти роҳбарони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Роҳбарони ҳайатҳо – раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории дуҷонибаро назаррас арзёбӣ карданд. Дар натиҷаи корбарии гурӯҳи кории дуҷониба нофаҳмиҳои бамиёномада сари вақт ҳал гардида, ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ ба мувофиқа расида истодаанд.
Таъкид шуд, ки минбаъд низ, гурӯҳҳои корӣ фаъолиятро дар тамоми сатҳҳо беҳтар намуда, вохӯриҳоро бештар ба роҳ мемонанд ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар бо риояи суннатҳои қадимии ҳамсоядорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагии осоиштаро пеш мебаранд.

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив