ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН

05 сентябр 2025, Ҷумъа
23
3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони дигар давлатҳоро дар маҳали баргузории чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд.
Қабл аз иштирок дар гузашти бошукӯҳи низомӣ маросими аксбардории хотиравии сарварони давлатҳо баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ва ҳукуматҳои 26 давлат ширкат варзиданд. Дар тамошогоҳи маҳали баргузории чорабинӣ як гурӯҳ қаҳрамонону собиқадорони ҷанг низ дар мақоми ифтихорӣ қарор доштанд. Дар расми пуршукӯҳи низомӣ, ки ба таври камназир ва бесобиқа омода шуда буд, ҷузъу томҳои қувваҳои стратегии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Чин, инчунин, шумораи зиёди техникаи муосири ҳарбӣ аз воҳидҳои гуногуни артиши ин кишвар иштирок намуданд.
Санаи нашр: 04.09..2025 №: 171