ТОҶИКИСТОН. ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ИБРАТОМӮЗИ ИҶТИМОӢ

05 сентябр 2025, Ҷумъа
27
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардум пайваста боло рафта, тадбирҳои густурдаи иҷтимоӣ ҳамчун рамзи ғамхории давлат ба ҳар фарди ҷомеа амалӣ мегарданд. Зиёдшавии маошу нафақа ва стипендияҳо бозгӯи рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими сиёсати адолатпарваронаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки новобаста аз таъсири омилҳои осебпазир, буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявию иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ ба шарофати сиёсати оқилонаи иқтисодӣ-молиявии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна аз 8 то 8,2 фоиз таъмин гардида истодааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасонии ғайринақдӣ бо мақсади таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ, ғанӣ гардондани қисми даромади буҷети давлатӣ, инчунин, таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ, пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи коррупсия ва омилҳои инсонӣ мебошад. Боиси хушнудӣ аст, ки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон давра ба давра дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад.
Бо ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ ҳамасола зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ, кумакпулиҳо бо мақсади баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ ҳал мегардад. Барои тақвияти ин фикру мулоҳизаҳо рӯй овардан ба гузаштаи начандон дур, яъне 20 сол пештар, ба манфиати кор аст. Аз ҷумла, бояд гуфт, ки аз соли 2001 сар карда, то имрӯз музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна қариб 12 баробар зиёд карда шудааст.
Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд шудааст.
Ба ғайр аз ин, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёд карда шавад ва ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардад. Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Барои иҷрои масъалаҳои гузошташуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2025 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Мувофиқи ин фармон бо таваҷҷуҳ ба маблағгузории соҳаи маориф ва дастгирии иҷтимоии кормандони ин соҳа, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва муассисаҳои илмӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аз рӯйи мансабҳои сартабиб, табиб, кормандони миёна ва кормандони хурди тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳо 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯйи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 20 фоиз меафзояд, яъне маоши вазифавии кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, дигар муассисаҳои низоми иҷтимоӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба ҳамин андоза зиёд мешавад.
Инчунин, музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 20 фоиз зиёд шуда, тибқи тартиби муайянгашта пардохт мегардад.
Бо мақсади ҷалби мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 20 ва дигар муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.
Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор мегирад. Аз ҷумла, нафақаҳои суғуртавӣ аз 470,57 сомонӣ ба 517,63 сомонӣ, нафақаҳои меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ, нафақаҳои заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ баробар карда мешаванд.
Дар баробари ин, ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатии меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигар ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузарондан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2007 тасдиқ шудааст, таъмин мегардад ва барои амалӣ намудани он тамоми имконияти муътадили молиявӣ ҷой дорад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мутахассисони вазорату кумитаҳо, идораҳои соҳавӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати мақомоти худ барои иҷрои сифатнок, самаранок ва саривақтии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2025 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» чораҳои заруриро амалӣ намоем.
Аъламхон НАИМӢ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон АМИТ «Ховар»
Санаи нашр: 04.09..2025 №: 171