ДУШАНБЕ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисон ва коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили мубрам, тамоюлҳо ва ояндаи сохтмони роҳҳои мошингардро баррасӣ намуданд.
Дар Конфронс Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, оид ба сатҳи баланди ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи нақлиёт ва аҳамияти стратегии роҳҳои мошингард барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ сухан кард.
Иштирокдорони Конфронс таъкид намуданд, ки пешрафти илмию техникӣ дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад, мо бояд дар тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард навоварӣ ворид созем. Истифодаи мавод ва технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки на танҳо устуворӣ ва бехатарии роҳҳо баланду беҳтар карда шаванд, балки он хароҷоти нигоҳдории инфрасохторро коҳиш дода, зарари экологиро кам менамояд.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи нақлиёт бе рақамикунонии соҳа ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ соли 2025 яке аз ташаббусҳои калидӣ таҳияи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии ИДМ буд. Ин ҳуҷҷат ба ташаккули фазои ягонаи рақамӣ нигаронда шуда, метавонад ҳамгироии самараноки системаҳои нақлиётӣ, коҳиш додани вақти транзит, шаффофияти хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳои моро дар арсаи ҷаҳон таъмин кунад.
Дар Конфронс фановариҳои муосир оид ба тарҳрезӣ ва сохтмони нақбҳо ва пулҳо, татбиқи омехтаҳои инноватсионии асфалтубетонӣ, истифодаи системаҳои зеҳнии нақлиёт, инчунин, асбоби рақамӣ барои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳои нақлиётӣ пешниҳод шуданд.
Дар ҷамъбасти Конфронс таъкид гардид, ки ҳамаи ин пешниҳод барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар он шароити мураккаби иқлимӣ ва ҷуғрофӣ ҷустуҷӯи ҳалли ғайристандартӣ ва технологиро талаб мекунад, хеле муҳим аст.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз Вазорати нақлиёт хабар доданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09..2025 №: 171
