“ПОМИР ЭНЕРҶИ”. АЗ ЗИМИСТОНИ САРД ТО ДИЛИ ГАРМИ МАРДУМ
Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии “Себзор” тавоноии шабакаҳои барқдиҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро имсол ба андозаи 11 мегаватт афзоиш дод. Ин нуктаро Хоҷамир Қурбонбеков, директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ширкати “Помир Энерҷи”, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр карда, афзуд, ки ин рӯйдод як қадами қатъӣ ба пеш дар маъракаи омодагии шабакаҳои барқии вилоят ба зимистони дарпешистода ва умуман, дар таъмини аҳолии вилоят бо барқи хушсифат ва боэътимод мебошад.
Таъкид гардид, ки дар вилоят бунёди 13 неругоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва сохтмони онҳо то охири сол ба анҷом мерасад. Давоми соли равон дар самти истифодаи сарчашмаҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Аличур ва Гулзори ноҳияи Мурғоб неругоҳҳои барқи офтобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мВт дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон санги асос гузошта шуд. То охири соли 2025 сохтмони ҳамаи неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шудаанд, пурра анҷом дода мешаванд.
Хоҷамир Қурбонбеков зикр кард, ки ба ҳолати аввали моҳи августи соли 2025 барои таъмини аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят тавассути 16 неругоҳи ширкат дар ҳаҷми 124473784 кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 56662 кВт-соат камтар аст. Сабаби асосии камшавии тавлиди барқ дар вилоятро директори департаменти фурӯш ва мониторинги ширкат ба норасоии об дар фасли зимистони гузашта рабт дода, иброз дошт, ки ҷиҳати норасоии об дар рӯзҳои сармои зимистон НБО “Помир-1” низ бо иқтидори пуррааш кор карда натавонист.
Пешгирии талафоти қувваи барқ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ширкат ба ҳисоб меравад. Ба ин мақсад, ширкат муштариёнро бо таҷҳизоти замонавии ченкунии сарфи барқ пурра таъмин карда, аз кори онҳо назорати қатъӣ мебарад. Бо вуҷуди ин, дар ин давра талафоти барқ 2117752 кВт-соат афзоиш ёфта, дар миқёси вилоят 9,55 фоизро ташкил дод. Афзоиши талафоти барқ ба сарбории қувваи барқ дар фасли зимистон дар хатҳои баландшиддати 35 ва 110 кВ рабт дорад.
Масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи барқ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи кормандони ширкат ва сохторҳои он дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо қарор дорад. Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ба ҳолати охири моҳи июли соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 3,4 миллион сомонӣ ё 7,35 фоиз зиёд гардид. Албатта, натиҷаҳо боз ҳам беҳтар мебуданд, агар муассисаҳои алоҳидаи буҷетӣ ҳам ҳаққи истифодаи барқро сари вақт пардохт менамуданд.
Намояндаи ширкати “Помир энерҷи” изҳори боварӣ намуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Себзор”, аз таъмири асосӣ баровардани ҳавз ва канали обпартои НБО “Помир-1” имсол дар ҳудуди вилоят дар фасли сармо ҳам танқисии барқ ба мушоҳида намерасад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2025 №: 171
