НОРАК. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ РӮ БА АФЗОИШ АСТ
– Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҳсуб ёфта, барои таъмини пурраи иҷрои барномаҳои соҳавӣ, рушди бонизоми соҳа, истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд, – гуфт раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода.
Раис афзуд, ки соли ҷорӣ кишоварзон ба маблағи 52 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 108,7 фоиз таъмин шуд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1253 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта 108 гектар зиёд мебошад. Истеҳсоли сабзавот ба 1482,3 тонна, гӯшт 706,3, моҳӣ 28,8, шир 983,2 тонна, тухм 468,5 ҳазор дона, сабзавот 120,8 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта зиёд мебошад.
Чорводорӣ низ дар худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ нақши муҳим дорад. Алҳол дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 13 742 сар чорвои калон, 37 075 сар гӯсфанду буз, 23 935 сар паранда ва 779 сар асп мавҷуд аст. Дар шаҳр 14 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ин ҳисоб 28,8 тонна моҳӣ истеҳсол ва пешкаши сокинон гардидааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки замин санҷишҳо гузаронда шуданд. Дар рафти санҷиш 40 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, ба маблағи 28,1 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани корҳои сабзкорию ободонии гулгашту хиёбонҳо дар солҳои 2024-2025 шинондани 15 000 бех ниҳолҳои гуногун дар нақша буд. Хушбахтона, то имрӯз зиёда аз 21 760 бех ниҳол шинонда шуд, ки 140 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Холназар КАСИРОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 04.09.2025 №: 171
