Омодагӣ ба Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим

05 сентябр 2025, Ҷумъа
53
Муҳимияти мутобиқсозии ташаббусҳои экологӣ бо афзалияти миллӣ ва минтақавӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Батир Мамедов баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, мавзуи ҷалби сармоягузорӣ, ки ба рушди устувор ва муҳофизати муҳити зист дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, равона шудааст, ҳамчун бахши калидии гуфтугӯ қарор гирифт.
Муаррифии ангурҳои хуштаъми тоҷикӣ дар шаҳри Кувайт
2-юми сентябр дар доираи баргузории ҷамъомади корпуси дипломатии муқими Давлати Кувайт дар шаҳри Кувайт намоиши ангурҳои гуногуннавъ ва хуштаъми тоҷикӣ баргузор гашт.
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода зимни муаррифии ангурҳои ватанӣ таъкид намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши кишоварзии мамлакат, аз ҷумла токпарварӣ, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
«Меҳмонон дар ҷараёни зиёфат бо завқ ангурҳои тозаву болаззати тоҷикиро, ки рамзи замини ҳосилхез ва заҳмати марди деҳқон мебошанд, чашиданд», – омадааст дар хабари интишорнамудаи Сафорат.
Ҷамъоварии беш аз 35 ҳазор тонна пахта
«Дар мамлакат то 1-уми сентябр 35 ҳазору 236 тонна пахта ҷамъ оварда шуд», – хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.
Таъкид гардид, ки ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд. Хирмани оростаи деҳқонони хатлонӣ 33 ҳазору 432 тонна пахтаро ташкил медиҳад.
DUSHANBE-TRAVEL
Дар 7 моҳ беш аз 933 ҳазор нафар ба тамошои Тоҷикистон омад
Солҳои охир вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёд гардида, танҳо дар ҳафт моҳи соли равон шумораи онҳо ба 933 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин хусус муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён зимни рӯнамоии портали сайёҳии Душанбе ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии МИМҲД шаҳр маълумот дод.
Ба иттилои Р. Холматиён, айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ ва 356 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолият намуда, саҳми сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,5 фоизро ташкил медиҳад.
«ҲАМСАРИ БЕҲТАРИН» ВА «ФАРЗАНД – БОҒИ ПАДАРУ МОДАР»
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» муайян ва қадр шуданд.
«Нурхон Ҷӯрахонзода аз ноҳияи Данғара ҳамсари беҳтарин ва Карина Шоназарова аз шаҳри Хоруғ фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввали озмун гаштанд», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Насби воситаҳои пардохти электронӣ дар муассисаи соҳаи тандурустӣ
478 муассисаи давлатии тандурустӣ бо 1942 воситаи пардохти электронӣ, аз ҷумла 874 постерминал ва 1068 QR-рамзҳо, таъмин гардид.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 136 постерминал ва 726 QR-рамзҳо насб гардидаанд.
Ҳадафи асосии татбиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, воридоти пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва коҳиш ёфтани муомилоти маблағҳои нақдӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамоиши минтақавӣ дар Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ
Баъди ба даст овардани мавқеи байналмилалӣ, ки аттестатсияи он аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) баргузор шуд, дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ нахустин ҳамоиши минтақавӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ доир гардид.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки ҳамоиш ба масъалаҳои муҳими пешгирии таҳдидҳои ядроӣ ва радиатсионӣ, аз ҷумла ошкорсозии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, таҳқиқоти криминалистӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ равона гардидааст.
Санаи нашр: 04.09.2025 №: 171