ДАВЛАТДОРӢ. ЭҲТИРОМИ ОИЛА ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

05 сентябр 2025, Ҷумъа
24
Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо як зуҳуроти нигаронкунанда, ки ба саломатии оилаҳо ва ба ҳаёти ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад – маҷбурӣ ба издивоҷ розӣ кардани ҷавонон, мушоҳида мешавад. Падару модарон бар асоси анъанаҳо ё фишори ҷомеа кӯшиш менамоянд, ки фарзандонашонро баъзан бе назардошти ризоияти худи онҳо хонадор намоянд.
Ин амал на танҳо ҳуқуқи шахсии ҷавононро поймол месозад, балки оқибатҳои ҷиддӣ низ дорад. Муносибатҳои муҳаббат ва эҳтиром дар оила шикаста, эътимод миёни ҳамсарон коста мешавад ва дар натиҷа, ҳолатҳои ҷудошавӣ афзоиш меёбанд. Аз ин рӯ, фарзандон на танҳо аз ҳуқуқи интихоби озод маҳрум мешаванд, балки ояндаи оила ва фарзандони онҳо низ метавонад ба мушкил рӯ ба рӯ гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки оила пойдевори асосии ҷомеа ва давлат мебошад. Барқарор кардани муҳити муҳаббат ва эҳтиром дар оилаҳо ва пешгирии ҷудошавӣ ва вайроншавии оилаҳо вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо оилаи солим метавонад ҷавононро ба инсонҳои масъул ва ҷомеаро ба ҳадафҳои муштарак ҳидоят кунад.
Дар ин самт, давлат низ тадбирҳои мушаххас андешидааст ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи аъзои оила ва пешгирии мушкилоти оилавӣ қабул шудаанд. Барномаҳои давлатӣ, ки ба маърифати оилавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон равона гардидаанд, ҳамчунин, марказҳои иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дастгирии оилаҳо ба ҷомеа ёрӣ мерасонанд.
Падарону модарон бояд фаҳманд, ки вазифаи онҳо на маҷбур кардани фарзандон ба издивоҷ, балки роҳнамоӣ, маслиҳат ва дастгирӣ дар интихоби ояндаи шахсӣ аст. Суҳбат кардан бо ҷавонон, эҳтиром гузоштан ба интихоби онҳо ва ташкили муҳити оилавии пур аз муҳаббат метавонад аз ҷудошавии оилаҳо ва мушкилоти баъдӣ пешгирӣ намояд.
Ҳам давлат ва ҳам ҳар як шахс бояд дар пайи ҳифзи оилаи солим ва устувор бошад. Танҳо дар чунин шароит ҷомеа ва давлат метавонанд пойдору устувор бошанд. Муҳаббат, эҳтиром ва ризоияти дуҷониба бояд асоси оилаҳои мо бошад. Аз ин рӯ, падару модарон ва ҷавонон бояд ҳамеша дарк кунанд, ки хушбахтии оила ва ҳаёти ояндаи фарзандон ба эҳтиром ба ҳуқуқи шахсӣ ва интихоби озоди онҳо асос ёфтааст.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии
шаҳри Панҷакент”
Санаи нашр: 04.09..2025 №: 171