КИШОВАРЗӢ. СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК ДАР АРМАНИСТОН ТАКМИЛИ ИХТИСОС КАРДАНД

05 сентябр 2025, Ҷумъа
28
Тобистони имсол бо сафари муштараки омӯзишии соҳаи хушкмеваҳои Осиёи Марказӣ ба Арманистон ба анҷом расид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҷриба мубодила намуда, муносибатҳои тиҷоратиро устувор кард ва ба самти баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ як қадами дигар гузошт.
Намояндагони ширкатҳои хурду миёна, иттиҳодияҳои соҳавӣ, мақомоти давлатӣ ва коршиносони фаннӣ шомили ҳайат буданд. Сафари мазкурро муштаракан Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC) дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ» (TPE), маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария ва ибтикори Барномаи рушди СММ «Aid for Trade (AfT)» созмон доданд. Дар ҷараёни он меҳмонон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз корхонаҳои пешқадами Арманистон дар соҳаи хушкмеваҳо дидан карданд, бо коршиносони соҳа суҳбат ва дар нишастҳо иштирок намуданд. Онҳо бо фанновариҳои пешрафтаи коркарди маҳсулот, роҳҳалҳои навоварона дар бастабандӣ, мудирияти сифат ва бозорёбии Арманистон шинос шуданд ва, ҳамзамон, имкониятҳои рушди ҳамкориҳои устувори тиҷоратиро омӯхтанд. Барнома, инчунин, донишҳои муфид доир ба сохтори занҷираи таъминоти хушкмеваҳои Арманистонро фаро гирифт ва намунаҳои муваффақеро нишон дод, ки имкон дорад барои Тоҷикистон мутобиқ гардонда шаванд.
Хайрулло Ризоев, роҳбари ҶДММ «Меваи тиллоӣ»: «Мо воситаҳои амалӣ барои беҳтар намудани сифати маҳсулот ва брендингро пайдо кардем ва тамосҳое барқарор намудем, ки бовар дорем, дар ояндаи наздик ба ҳамкории мутақобилан судманд мерасонад».
Ин сафар ҷузъи стратегияи васеи баланд бардоштани арзиш, сифат ва шинохти содироти кишоварзии Тоҷикистон буд, ки кишварро ҳамчун таъмингари муътамад ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии хушкмеваҳо муаррифӣ менамояд. Бо истифода аз таҷрибаи Арманистон ва тақвияти шарикӣ дар сатҳи минтақавӣ, истеҳсолкунандагони тоҷик омодагии бештар барои қонеъ кардани талаботи бозорҳои байналмилалӣ, гуногунсозии маҳсулот ва густариши ҳузур дар бозорҳои баландарзиш пайдо намуданд.
Дар ин бора ба мо аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 04.09..2025 №: 171