ШОМИ ШАНБЕ

06 сентябр 2025, Шанбе
30

 

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРДИ «ИРФОН»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
2. Ҳаммаънои калимаи «инсон» 3. «То ҷавобашро бигардонам, маро *** ку?» (Бозор Собир) 5. Нидои мамнуният 6. Фоида аз фаъолият, ки ба давлат супурда мешавад 7. Як навъи феъли забони тоҷикӣ 8. Нашриёт дар Тоҷикистон 10. Пойтахти давлат дар Аврупо 11. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ.
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. Падари илми рус 4. Ҳаммаънои фоида, натиҷа 7. Соҳаи афзалиятноки ҷомеа 9. Асари Садриддин Айнӣ 12. Насиҳатнома 13. Намояндаи халқи собиқ ИҶШС 14. «Агар зан бувад, *** кунад».
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
ҶАВОБҲО БА ЧАЙНВОРДИ "ИСТИҚЛОЛ":
1. Конститутсия. 2. Якдигарфаҳмӣ. 3. Истаравшан. 4. Нақбҳо. 5. Об. 6. Баҳористон.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ПОПОВ ВА ИХТИРОИ ИНТЕРНЕТ
Албатта, имрӯз муошират дар фосила як чизи маъмулист. Барои касе ҳатто аҷоиб наменамояд, ки чунин як алоқаро кӣ ва чӣ гуна кашф кардааст. Шояд, аксаран намедонанд, ки асоси муоширати фосилавӣ на дар асри 21, ҳатто 20, балки ҳанӯз охири асри 19 гузошта шудааст. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки 25-уми апрели соли 1895 Александр Попов ҳангоми муаррифии кашфиёти навбатии худ эълом дошт: «Орзу дорам, ки дастгоҳи сохтаи ман садоро тавассути мавҷҳо то як фосилаи муайян бурда метавонад». Албатта, он замон сухан аз телефони мобилию интернет намерафт, вале олимон тасдиқ мекунанд, ки ана ҳамон ихтирои Адександр Попов заминаи асосии кашфи интернет ва умуман, муоширати имрӯзаи фосилавӣ аст.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
САМАРИ ЯК НАЙРАНГ. 780 ҲАЗОР ДОЛЛАР – ЗАРАРИ МАҒОЗА
Сокини иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кэтлин Робертсон дар яке аз мурофиаҳои ғайриодии судӣ 780 000 доллари ИМА ҷубронпулӣ гирифт.
Даъвои «ҷабрдида» ин буд, ки ӯ дар мағозаи фурӯши мебел аз «хунукназарӣ»-и масъулон ба кӯдаке бархӯрда, баъди афтидан, дасташро мешиканад. Ба гуфтаи Робертсон кӯдак бе назорат монда, дар растаҳои мағоза бетартибона давидааст, ки сабаби бархӯрд бо ӯ мешавад.
Аз ҳукми суд беш аз ҳама роҳбарияти мағоза дар ҳайрат монданд, зеро кӯдаке, ки ба онҳо қариб 1 миллион доллар зарар овард, писари худи Кэтлин Робертсон буд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ХИЗМАТ БА МОДАР БАРТАР АЗ ИБОДАТ АСТ
Ду бародар, ки модарашон пиру ниёзманд буд, паймон бастанд, ки яке ба модар хидмат кунад, дигаре дар роҳи ризои Ҳақ ба ибодат машғул шавад.
Бародаре, ки қарор шуд, ба Парвардгор хидмат кунад, ба масҷид рафту яке аз уламои машҳури дунё шуд ва олимони дигар ба дидори ӯ омада, барояш эҳтиром мегузоштанд.
Бародари дигар чун ба хизмати модари пиру маризи худ дода шуд, аз тамоми рифоҳи зиндагӣ даст кашид, то дар канори модар ниёзҳои ӯро бароварда созад.
Фарде, ки олими шинохтаи дин шуд, рӯзе ба худ андешид, ки ҳатман дар пешгоҳи Худо дараҷаи болову арзишмандтаре нисбат ба бародари худ дорад... Дар айни чунин фикрҳои худписандона, ҳамон шаб дар хоб барояш чунин пайғом омад: “Эй бандаи ман, аз хидмати ту бениёзам, вале модарат ба парасторӣ ниёз дорад. Туро бо ин ғуруре, ки дорӣ ба ҳурмати бародарат мебахшам, ки хизмати модарро баҷо меорад”.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
СОЛИ НАВИ ХОНИШ АЗ НИГОҲИ МАҲБУС
Директори мактабе ба ҳар омӯзгоре, ки ба кор қабул мекард, бо чунин мазмун мактуб мефиристод:
“Устоди азиз!
Ман солиёни зиёд маҳбуси лагери консентратсионӣ будам ва қариб ҳар рӯз шоҳиди воқеаҳои мудҳиш мегаштам. Аз ҷумла, медидам, ки чӣ гуна муҳандисон камераҳои газиро месохтанд; табибони соҳибихтисосу ҳамшираҳои ботаҷриба кӯдаконро заҳролуд карда мекуштанд; омӯзгорони макотиби олӣ занонро мепарронданд ё месӯзонданд...
Аз ин рӯ, ман ба таълим он қадар бовар надорам. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба хонандагон ОДАМ шуданро биомӯзед. Хондану навиштану ҳисобу китоб танҳо он вақт муҳиманд, ки ба ИНСОН шудани фарзандонамон кумак расонанд”.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
«ДОН КИХОТ» – БЕҲТАРИН АСАРИ ТАМОМИ ДАВРУ ЗАМОНҲО
Чуноне ағлаб огоҳанд, романи Мигел де Сервантес Сааведра «Идалгои ҳилагар Дон Кихоти Ламанчӣ» (мухтасар «Дон Кихот», 1605-1615) яке аз машҳуртарин асарҳои моҷароҷӯёнаи инсоният ба ҳисоб меравад.
Бино ба хабари Агентии иттилоотии «Рейтерс», ҳанӯз моҳи майи соли 2002 Институти Нобели Норвегия «Дон Кихот»-ро бар пояи хулосаи 100 ҳакам, ки иборат аз нависандагони маъруфтарини олам буданд, беҳтарин асари тамоми давру замонҳо ва халқҳо эътироф намуд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
АЛЕКСАНДР ОВЕЧКИН
Александр Овечкини рус, чемпиони секаратаи ҷаҳон (2008, 2012, 2014), яке аз муваффақтарин ҳоккейбозони ҷаҳон ба шумор меравад.
Овечкин соли 2004 ба бошгоҳи амрикоии «Вашингтон Кэпиталз» пайваста, аллакай, дар мавсими солҳои 2005-2006 соҳиби ҷоизаи «Колдер Трофи» шуд.
Овечкин дар корномаи варзишиаш 9 маротиба ҷоизаи беҳтарин нишонзан – «Морис Ришар Трофи», себорӣ ҷоизаҳои бозигари гаронбаҳо – «Тед Линдсей Эворд», «Ҳарт Трофи» ва як маротиба ҷоизаи беҳтарин нишонзани мавсим – «Арт Росс Трофи»-ро ба даст меорад.
Соли 2018 «Вашингтон Кэпиталз» аввалин бор соҳиби Ҷоми Стэнли шуд ва Овечкин гаронарзиштарин бозигари мусобиқа эътироф гардид.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
Бӯйи саг – бӯйи сипосу вафодорӣ
Боре ба ҳунарманди кино Патрик Суэйз гуфтанд, ки хонаи ӯ бӯйи саг мекунад. Ба ҷойи хафа шудан, ӯ посух дод: "Медонед, ки саг чӣ бӯй дорад? Бӯйи сипос, бӯйи вафодорӣ, саховатмандӣ, меҳру муҳаббат, ишқи поки бечунучаро. Бо вуҷуди он ки саг дар кӯча калон мешавад ва бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад, кина надорад. Аз ин рӯ, ман хушбахтам, ки хонаам бӯйи ин ҳама хубиҳоро дорад, зеро сарвати ҳақиқӣ дар неъматҳои моддӣ нест, балки дар меҳру садоқати мост.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ХАВОСАМ КАРДАӢ
Мансабам, аз бекасиҳо ту халосам кардаӣ,
Бо касони ношинос акнун шиносам кардаӣ.
Ҷӯраҳои рӯзи сахтӣ рафтаанд аз хотирам,
Ҷойи онҳо бо дигарҳо сахт мосам кардаӣ.
Гӯш ҳарфамро кунад ҳар кас чу амри воҷибе,
Соҳиби “фазл”-и баланду “ихтисос”-ам кардаӣ.
Беамалҳо пеши ман ҳар дам хушомад мезананд,
Банд дар мобайни арзу илтимосам кардаӣ.
Нест акнун ёру хешу ақрабоямро ҳисоб,
Баҳри эшон пуштибонею ғиёсам кардаӣ.
Ҷон фидоят мекунам, то бо ту бошам ман, вале
Рӯзҳои охирин кам-кам хавосам кардаӣ.
Ашур САФАР
АНДАРЗ
Дар зиндагӣ бояд мисли риёзидон бошем: дӯстонро ҷамъ, душманонро тарҳ, хушҳолиҳоро зарб ва муҳаббатро тақсим намоем.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НОБИҒАҲОИ ТИББИ ҶАҲОН
10 нафаре, ки дар соҳаи тиб таҳаввулот карданд
7. Томас Персивал (солҳои 1740 – 1804)
Табиб Томас Персивал аз Манчестер аввалин нафаре буд, ки Кодекси ахлоқӣро барои табибон ва ҷарроҳон таҳия намуд. Дар натиҷа, соли 1794 китоби «Этикаи тиббӣ ё Маҷмуи қоидаҳои муқарраршуда дар бораи рафтори касбии табибон ва ҷарроҳон» интишор ёфт.
Бисёре аз он қоидаҳо имрӯз ҳам хеле мувофиқанд, аз ҷумла: «Тафриқаи бемориҳое, ки бо онҳо ба беморхона қабул карда мешаванд, ҳолати ҳаво, ғизо, тозагӣ, доруҳо – ҳамаи ин бояд ҳар рӯз бодиққат санҷида шавад».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
MERCEDES-BENZ 300 SLR UHLENHAUT
Гароннархтарин автомобили олам
Тибқи иттилои сомонаи www.kolesa-darom.ru, дар таърихи саноати мошинсозӣ Mercedes-Benz 300 SLR Uhlenhaut автомобили гароннархтарини олам ба ҳисоб меравад.
Тавре таъкид мегардад, онро соли 1955 махсус барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба рондани автомобилҳои варзишӣ (World Sportscar Championship) сохта буданд. Суръати ниҳоии он 290 километр/соатро ташкил медиҳад.
Айни замон аз ин мошин ҳамагӣ дуто боқӣ мондааст: яке дар осорхонаи ширкат нигоҳ дошта мешаваду дуюмиро соли 2022 дар музояда шахси номаълуме бо нархи 135 миллион евро (142 миллион доллари ИМА) харидааст.
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
1. Шояд боварнокарданӣ бошад, аммо дар таркиби лиму назар ба қулфинай қанд бештар аст.
2. Тавре олимон собит сохтанд, гармӣ эҳсоси танҳоиро рафъ менамояд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Бонуфузтарин ҷоизаи инфиродӣ дар ҷаҳони футбол “Тӯби тиллоӣ” мебошад, ки соли 1956 таъсис ёфтааст. Ин идея ба сардабири вақти ҳафтаномаи France Football Габриэл Ано тааллуқ дорад.
Рӯзноманигорон футболбозеро барои дарёфти ин ҷоиза интихоб мекарданд, ки дар соли тақвимӣ ҳунарнамоии барҷаста нишон додааст. Аммо чунин меъёри интихоби барандаи ҷоиза баъзе мушкилиҳо ва ихтилофҳоро ба вуҷуд меорад: чӣ муҳимтар аст – маҳорати инфиродӣ ё шумораи унвонҳо дар клуб, ё дастаи миллӣ? Одатан, ғолибони «Тӯби тиллоӣ» ҳамлагарон ва нимҳимоятгарони ҳамлагар мебошанд. Ҳимоятгарон 5 маротиба ва дарвозабонҳо як маротиба соҳиби ҷоиза шудаанд. Ягона дарвозабоне, ки соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шудааст, бозигари бошгоҳи «Динамо»-и Москва ва тими миллии СССР Лев Яшин мебошад.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
Нотаҳо чӣ маъно доранд?
Do – Dominus (ҷаноб).
Re – Rerum (материя).
Mi – Miraculum (муъҷиза).
Fa – Familias (оилаи сайёраҳо – системаи офтобӣ).
Sol – Solis (Офтоб).
La – Lacteal via (роҳи Қаҳкашон).
Si – Siderae (осмон).
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ЯК МАСЛИҲАТ БА МОДАРОН
Ҳеҷ гоҳ кӯдакро бо камера ё нури телефони мобилӣ акс нагиред. Нури шадид ва ногаҳонӣ метавонад ба ҳуҷайраҳои биноии кӯдак зарари ҷиддӣ расонад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
РОҲИ РАҲОӢ АЗ МУШКИЛОТ
Профессор як пиёла об дар даст дарсро оғоз карда, аз донишҷӯён пурсид:
– Пиёла чӣ қадар вазн дорад?
– Дусад ё сесад грамм, – шунида шуд аз толор.
– Агар ин пиёларо дар дастам ду дақиқа нигоҳ дорам, чӣ мешавад?
– Ҳеҷ чиз, – бо тааҷҷуб ҷавоб доданд шогирдон.
– Агар ду соат нигоҳ дорам?
– Дастатон дард мекунад, – гуфт яке аз донишҷӯён.
– Агар тамоми рӯз онро нигоҳ дорам-чӣ?
– Дастатон карахт мешавад ва мушакҳоятон ба дард меоянд.
– Ба фикратон, агар тамоми рӯз пиёларо нигоҳ дорам, вазнаш тағйир меёбад?
– Тағйир намеёбад.
– Пас, роҳи ҳал чист?
– Пиёларо болои миз гузоштан даркор, – иброз медорад як донишҷӯ.
– Дуруст! – хитоб кард профессор. – Бо душвориҳои зиндагӣ ҳамин тавр мубориза баред. 2 дақиқа дар бораи мушкилот фикр бикунӣ, он дар канор хоҳад буд. 2 соат – туро ба худ мекашад. Тамоми рӯз фикр бикунӣ, туро фалаҷ месозад. Мулоҳизаҳои дурудароз “вазн”-и масъаларо на кам, балки зиёд мекунанд. Танҳо амал метавонад ба мо ёрӣ намояд, ки бо онҳо мубориза барем. Аксар вақт, ҳатто як амали одитарин, вале саривақтӣ беҳтар аз фикрҳои беохир аст. Мушкилотро ҳал кунед ё як тараф гузоред, вагарна он шуморо комилан маҳв месозад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
«MASERATI»
Ширкати автомобилии Maserati (Италия) аз маъруфтарин корхонаҳои истеҳсолкунандаи автомобилҳои махсуси варзишӣ дар олам шинохта мешавад. Он 1-уми декабри соли 1914 дар шаҳри Болоня таъсис ёфтааст.
Айни замон ширкат ба ҳолдинги байналмилалии Stellantis тааллуқ дорад. Соли 2017 ба ширкат даст дод, ки 51 500 автомобил бифурӯшад ва ин шумора то ҳол собиқа надорад.
Тавре таъкид мешавад, аз соли 2020 корхона танҳо ба истеҳсоли электромобил ва мошинҳои гибридӣ пардохт.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
Санаи нашр: 05.09.2025 №: 172