МУБОРАК БОД ИСТИҚЛОЛ!
Зи ҷону дил сухан гӯям: муборак бод Истиқлол!
Ба ҳар як анҷуман гӯям: муборак бод Истиқлол!
Бувад ин вожаи ширин, чу номи дилбари дерин
Ватан гӯям, Ватан гӯям: муборак бод Истиқлол!
Сафои обҳои ӯ ҷило бар дидагон бахшад,
Ҳавои ӯ, сафои ӯ тавон бар нотавон бахшад.
Самои ӯ гулафшону фазои ӯ дурахшон аст,
Раҳи уммеди фардоро фурӯғи Каҳкашон бахшад.
Бифахрам аз чунин миллат, ки дар дил меҳру маҳ дорад,
Ҷавону пири ӯ хуршед дар нури нигаҳ дорад.
Ба мисли қуллаи Помир ҳар фарзанди дилбандаш,
Ба сар аз сарфарозӣ, аз ҷавонмардӣ кулаҳ дорад.
Ба ҳар сӯ бингарӣ, ӯро бафайзу дилрабо бинӣ,
Заминашро фараҳафзо, фазоро босафо бинӣ.
Ҳама бо дасти шафқат рӯйи неку орзуи нек,
Паёми сулҳ бар лаб, аз хусуматҳо раҳо бинӣ.
Ба ҳар як ҷода нақши ваҳдати дилҳо асар дорад,
Бифахрад раҳгузар, гар аз чунин роҳе гузар дорад.
Зи меҳри ин Ватан дар дил ҳарорат он қадар беш аст,
Ки ҳар гуфтори мо дар васфи ӯ нуру шарар дорад.
Фузун гардад тавону зӯри мо бо номи Истиқлол,
Нагун созад ғаму андуҳро пайғоми Истиқлол.
Забуну лол монад душмани пирӯзии миллат,
Парафшон парчами иқболи мо дар боми Истиқлол.
Зи Истиқлол равшан зиндагиву субҳи
фардо бод!
Зи анвору фурӯғи ӯ ҷилои бахт пайдо бод!
Умеди фатҳи мо бо ӯ бувад, ин
фатҳи бетаслим,
Ҳамеша дар радифи кӯҳсорон пойбарҷо бод!
Рӯдобаи МУКАРРАМ
Санаи нашр: 06.09.2025 №: 173
