ИСТИҚЛОЛ. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ШИНОХТ ВА ЭЪТИРОФИ НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН
Таҷрибаи давлатдорӣ дар кишварҳои гуногуни дунё собит сохтааст, ки сиёсати хориҷӣ аз фаъолияти давлат ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ барои амалӣ намудани манфиатҳо, ҳадафҳо ва ниёзҳои худ дар арсаи байналмилалӣ ташаккул меёбад. Албатта, сиёсати хориҷии ҳар як давлати мутамаддин, пеш аз ҳама, бар пояи манфиатҳои миллӣ сурат мегирад.
Аз ин нуктаи назар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол номидан барҷост, зеро Пешвои миллат дар даврони Истиқлоли давлатӣ равобити афзалиятнокро бо кулли кишварҳои ҷаҳон барқарор намуда, барои тавсеаи равобити мутақобилан судманд бо онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд.
Агар ба таърихи пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои пешин назар афканем, бо итминони комил гуфта метавонем, ки давлати мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати муваффақи хориҷиро амалӣ менамояд ва манфиатҳои миллии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон маҳфуз медорад.
Яке аз омили муҳими сиёсати муваффақи хориҷии кишвари мо, пеш аз ҳама, принсипи “дарҳои кушода” мебошад. Роҳбари олии кишвари мо дар давраи эъмори давлати миллӣ ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон карданд, ки мо ҷонибдори сиёсати бисёрсамта ва сулҳпарваронаи хориҷӣ мебошем ва бо ҳама кишварҳои дунё барои ҳамкорӣ омода ҳастем. Коршиносон эътироф мекунанд, ки бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои кушода» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат доданд. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстону ҳамёрони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба мадори ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро ба ҷо меорад.
Имрӯз Тоҷикистон ба субъекти соҳибихтиёри муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, давлати моро ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ эътироф намуданд, ки ин нишондиҳандаи ҳамгироии кишвар ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Тоҷикистон дар 34 соли сипаригаштаи даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти мудирияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки кишвари мо ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз уҳдаи ҳалли масоили глобалӣ, пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебарояд. Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кулли кишварҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то инсоният ба ҳадафҳои рушди устувор бирасад ва дар ҷаҳон сулҳу субот пойдор бошад.
Ҳоло афзалияти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ равона аст. Сиёсати кишвари мо дар Осиёи Марказӣ ба таъмини сулҳу субот, маҳфуз доштани амнияти минтақавӣ нигаронида шудааст. Ҷониби Тоҷикистон тамоми талошҳоро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, рушди инфрасохтори нақлиётию транзити минтақавӣ, таъмини истифодаи оқилона ва ҳамаҷонибаи захираҳои обу энергетикии дарёҳои фаромарзӣ ва устувории экологии минтақа, анҷом додани равандҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо ба харҷ медиҳад. Далели ин сиёсати сулҳпарваронаи хориҷии Тоҷикистон дар масири Осиёи Марказӣ имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се мамлакат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар санаи 31-уми марти 2025 мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ дар натиҷаи талошҳои тамаддунофаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими сулҳ дар водии Фарғона ва фазои геополитикии Осиёи Марказӣ ба даст омад. Маҳз бо талоши Пешвои миллат баҳсҳои тулонии сарҳадӣ дар водии Фарғона, ки нуқтаи калидии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, ба итмом расид ва саҳифаи нав дар рушди ин минтақаи муҳими Авруосиё кушода шуд. Дар натиҷа, бо иқдомҳои сулҳпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати геополитикӣ ва геостратегӣ алъон ба фазои муштараки эътимод, амният ва рушди устувор табдил ёфта истодааст.
Имрӯз кулли аҳолии мамлакат дар атрофи Президенти маҳбуби худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид аст ва бо такя ба чунин арзишҳо, ба мисли ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, минбаъд ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолияти фарҳангпарваронаро хоҳад бурд. Фарзандони босадоқат ва шуҷои Ватан минбаъд ҳам Парчами миллиро дар ҳамоишҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ фарҳангӣ ва варзишӣ барафрохта, ҷаҳониёнро бо Тоҷикистони азиз шинос ва худро боифтихор “Ман - тоҷикам” муаррифӣ хоҳанд кард.
Рустам ҲАЙДАРЗОДА,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа
Санаи нашр: 06.09.2025 №: 173
