ҲАМА АҲЛИ ВАТАНРО ДӮСТ МЕДОРӢ!

10 сентябр 2025, Чоршанбе
31
«Ман шоиронро дӯст медорам!»
Аз суханронии Пешвои миллат дар Ҳамоиши шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз,
Душанбе, 20-уми марти соли 2016Нек гуфтӣ, шоирон – аҳли суханро дӯст медорӣ,
Ман, вале донам, ҳама аҳли Ватанро дӯст медорӣ.
Тоҷикистонро ба азму саъйи худ кардӣ гулистон,
Мисли булбул ин гулистону чаманро дӯст медорӣ.
Тоҷикони рӯи дунёро ба ҳам оварда дар кишвар,
Ҳамчу Сарвар фард-фарди анҷуманро дӯст медорӣ.
Тифлакон дар васфи ту шеъру ғазалхон гашта шодон,
Тифлакони шеъргӯи хушсуханро дӯст медорӣ.
Нақбҳо аз синаҳои кӯҳҳо бикшуда шуд ҳар сӯ,
Қаҳрамон – Фарҳодҳои Кӯҳканро дӯст медорӣ.
Пиру барно, марду зан бас дӯстдорат гашта аз ҷон,
Аз дилу ҷон пиру барно, марду занро дӯст медорӣ.
Ҳам шимолу ҳам ҷанубу шарқу ғарбаш бас азиз аст,
Сӯ ба сӯву кӯ ба кӯи ин Ватанро дӯст медорӣ.
Пешвои миллати халқи куҳанбунёди мо ҳастӣ,
Динаву имрӯзи ин халқи куҳанро дӯст медорӣ.
Саъйҳо кардӣ, ки то соҳибдилу боилму фан бошем,
Мардуми соҳибдилу боилму фанро дӯст медорӣ.
Сарнишини киштии тақдири миллат ин ту ҳастӣ,
Толеъу тақдири неки ин Ватанро дӯст медорӣ.
Муҳтарам ҲОТАМ
Санаи нашр: 06.09.2025 №: 173