ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА ПАЙВАНДИ ҚАЛБҲО
Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ба пешравиҳои чашмрасе ноил мегардад, ки сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам чанд зина боло мебарад. Ин гуна дастовардҳои назаррасро дар ҳама соҳаҳо шоҳидему баҳра мебарем, ки бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳо бо сатҳу сифати ҷаҳонӣ, аз ҳамин қабиланд.
Чанде пеш бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи Оби Гарм – Нуробод бо сифати баланд ва стандарти ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд, ки ин амали бузург барои мардуми заҳматкаши минтақа шароити беҳтарини боркашониву рафтуомадро фароҳам овард.
Мо имсол, ҳамчунин, шоҳиди чандин иқдомҳои неки Пешвои миллат дар самти роҳсозию бунёди иншооти нақлиётӣ дар минтақаҳои дигар гардидем, ки бевосита ба афзоиши гардиши мол дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд. 27-уми июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рӯдхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дарозии пул 200 метр ва паҳноияш 10 метр аст. Дар шафати пули мошингузар панҷараҳои оҳанин насб гардида, аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 2,20 метр сохта шудааст. Иқтидори борбардории пул 80 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби Сарвари давлат бо тариқи видеоӣ 3,7 километр роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор гирифт. Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи нави шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – сарҳади Қирғизистон акнун ҳар кишоварзи Раштонзамин маҳсули меҳнаташро беташвиш ва осону бароҳат ба бозорҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони кишвар метавонад расонад, зеро қаблан бо иллати хуб набудани вазъи роҳ боркашонӣ дар ин минтақа мушкил буд. Ҳар кас маҳсулоташро ба пойтахту гӯшаҳои дигари мамлакат расонда наметавонист ва ё худи тоҷирон низ ба ноҳияҳои дурдасти Рашту Лахш кам мерафтанд, ки боиси сари вақт ба фурӯш нарафтани маҳсулоти кишоварзӣ мегашт. Картошкаву сабзавот қисман то дер боз дар анборҳо боқӣ мемонаданд ё талаф меёфтанд. Ин ҳама муҷиби поён рафтани арзиши дастранҷи деққон дар сари замин ва баланд гардидани он дар бозорҳои марказӣ гардида буд. Ҳоло ин сад аз пеши роҳи кишоварзони минтақа бартараф шуд.
Ғайр аз ин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст.
Тавре аз Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил шудан ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардида, бо талоши пайвастаи Роҳбари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳадафҳои стратегии рушд ноил гардида истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллари ИМА амалӣ гардида, 3187 километр роҳ, 254 пул, 2 эстакадаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 9 нақби мошингузар, 3,6 километр долонҳои зиддитармавӣ, инчунин, 220 километр роҳи оҳан бо 5 пулу 3 нақб бунёду таҷдид гардид. Ҳамчунин, зерсохторҳои соҳаи нақлиёт бо 761 техникаву таҷҳизоти нодири роҳнигоҳдорӣ таъмин шуданд, ки ин шароит ба сифату суръати фаъолияти онҳо таъсири мусбат расонд. Ҳамин аст, ки дар асоси арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон соли гузашта аз рӯйи сифати роҳҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойи аввал ва дар байни 165 кишвари ҷаҳон ҷойи 44-умро ишғол намуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.09.2025 №: 173
