«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ТУРКӢ ТАРҶУМА ШУД

10 сентябр 2025, Чоршанбе
31
6-уми сентябр дар толори Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума шудааст, рӯнамоӣ гардид.
Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода иқдоми Вазорати фарҳангро барои тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ хонд. Таъкид гардид, ки акнун ин шоҳасарро тамоми туркзабонони дунё бо забони модариашон мутолаа хоҳанд кард.
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-ро шиносномаи миллат гуфтаанд. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогири таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, – иброз намуд Қ. Хушвахтзода.
Таъкид гардид, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз муътабартарин сарчашмаҳои соҳаи таърих ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи ХХ пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаи дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Дар идома Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, иброз намуд, ки китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик ва дар даврони истиқлол баҳри пешрафт ва таҳкими давлатдории тоҷикон мусоидат кард.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил ва дар робита бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон” чоп ва ба ҳар хонавода туҳфа карда шуд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.09.2025 №: 174