ҲИСОР. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ҲОСИЛНОКИИ ПАХТА
Носирзода Ҷаббор, раиси шаҳри Ҳисор, Сурайё Дӯстмуродзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор дар майдони пахтазори ҶДММ “50-солагии Октябр” ба маъракаи пахтачинӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Дар саргаҳи майдони пахтазори хоҷагӣ меҳмонон бо роҳбарону масъулони хоҷагӣ ва чинакчиён суҳбат ороста, онҳоро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Ба деҳқонони хоҷагӣ барои парвариши ҳосили баланд изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ моро водор месозад, то суръати чинишро вусъат бахшида, барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосил тамоми воситаву имконотро истифода намоем.
Сипас, Носирзода Ҷаббор ва Сурайё Дӯстмуродзода ба якчанд чинакчиёни пешқадам бастаҳои иборат аз ороишоти занонаро туҳфа карда, чун рамзи эҳтиром ба меҳнати деҳқонон бо дуои пирони кор ва бо пешдомани пахтачинӣ вориди ҷӯяк шуданд ва чинакчиёнро шарикӣ карда, ба чиниши пахта ҳидоят намуданд.
Раиси шаҳр ва вакили Маҷлиси намояндагон барои беталаф ҷамъоварии ҳосил ба кишоварзон барору муваффақият таманно карданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.09.2025 №: 174
