Мулоқоти котиби Шурои амният бо сафири Британияи Кабир

11 сентябр 2025, Панҷшанбе
30
10-уми сентябр котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд.
Шиносоии ҳайати Россия бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон
10-уми сентябр ҳайати Парламенти Федератсияи Россия таҳти сарварии муовини раиси кумита оид ба мудофиаи Думаи давлатӣ Юрий Швиткин бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар рафти шиносоӣ вохӯрии ҳайати Парламенти Федератсияи Россия бо раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода доир шуд.
Ҳангоми мулоқот иброз гардид, ки муносибатҳои байнипарламентии давлатҳо сол ба сол густариш ёфта, ба рушду таҳкими муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ ва варзиш, заминаи устувор мегузоранд.
Ҷаласаи котиботи «Осиёи Марказӣ – Штатҳои Муттаҳидаи Америка»
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи котиботи «Осиёи Марказӣ – Штатҳои Муттаҳидаи Америка» дар қолаби С5+1 бо иштироки масъулони аршади вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои минтақа ва котиботи давлатии ШМА баргузор гашт.
Иштирокдорон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қолаби мазкури ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Бахусус, роҷеъ ба таҳкими талошҳо дар самти дипломатияи иқтисодӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Форуми B5+1 оид ба пешбурди робитаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, табодули назар сурат гирифт.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175