34 ҚАДАМ БА СӮИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ НАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ

11 сентябр 2025, Панҷшанбе
20
Аз баракати сулҳу субот ва ҳамдилии мардум дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои истиқлоли давлатӣ сол ба сол бештару рангинтар мегарданд. Ё худ дар идомаи сиёсати бобарори Сарвари давлат мардуми шарафманди тоҷик Ҷашни мубораки 34-солагии Истиқлоли давлатиро дар ҳоле таҷлил хоҳанд кард, ки кишвари мо дар сиёсати дохиливу хориҷии худ ба фатҳи уфуқҳои тозаи рушд даст ёфтааст.
Агар ба раванди таҳкими аркони давлатдории нави миллӣ назар андозем, маълум мегардад, ки аз файзи хиради олии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ислоҳоти бунёдиро таҷриба карда, фаъолияти худро ба низомҳои нави ҷаҳони муосир ҷавобгӯ сохтанд. Аз ҷумла, дар баробари дигар самту соҳаҳо, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус ҳокимияти судӣ, тақвият пайдо кард.
Мусаллам аст, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябри соли 1994 аз муҳимтарин дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ маҳсуб гардида, маҳз дар заминаи меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ чун дигар сохторҳо фаъолияти мақомоти судӣ такмил ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шудааст. Дар ин робита як нукта қобили таъкид аст, ки дар татбиқи ин ва дигар меъёрҳои Қонуни асосии кишвар, бахусус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши мақомоти судӣ басо назаррас аст.
Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин нукта бармеояд, ки мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ мақвеи меҳварӣ дорад.
Ҳамин омили калидӣ буд, ки ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ барномаҳои мушаххасро рӯи даст гирифта, ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳои амалӣ андешидааст. Давра ба давра татбиқ намудани барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ва дар заминаи он такмили сохтору фаъолияти мақомоти судӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Албатта, бо вуҷуди дастгириҳои пайваста имрӯз дар фаъолияти мақомоти судӣ камбудиҳо низ ҷой доранд, ки рафъи онҳо имконпазир аст ва мо кормандон дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат ва риояи меъёрҳои Конститутсия, қонунгузории амалкунанда таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа, муассисаю корхонаҳо ва ташкилоту созмонҳоро меҳвари фаъолият қарор дода, талош менамоем, ки дар истеҳкоми ҷомеаи воқеан демократӣ саҳмгузор бошем.
Гузашта аз ин, зарур медонам, ки ҳар нафари худогоҳу хештаншинос бояд дар ҷаҳони ноороми имрӯз ҳифзи неъматҳои истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ки пешрафтҳои бардавоми давлату миллати моро таъмин месозанд, ҳамчун вазифа ва уҳдадории шаҳрвандии худ қабул намуда, дар ободонии минбаъдаи сарзамини хеш саҳмгузор бошанд.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
раиси суди ноҳияи Варзоб
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175