АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНА ДОШТ

11 сентябр 2025, Панҷшанбе
31
Ба ифтихори 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори агентӣ иштирокчиёни чорабиниро бо Ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо сари баланду неруи тоза ва комёбиҳои нав ба навро орзу намуд. Зикр гардид, ки имсол аз рӯзи ба даст овардани истиқлоли давлатии Тоҷикистон сию чор сол сипарӣ мешавад ва дар дарозои ин фосилаи на чандон тулонӣ дар назди таърих кишвари мо дар партави ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои шоиста мушарраф гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат кишвари азизи мо чун давлати соҳибистиқлолу миллӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуда, аз ҷониби беш аз 200 кишвари олам ба расмият шинохта шуд.
– Истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик падидаи бемисл мебошад. Тоҷикистони азизи мо маҳз ба шарофати истиқлол ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Истиқлол нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодати бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад, – гуфт А. Ҳалимзод.
Зикр шуд, ки мардуми заҳматкашу сулҳпарвари тоҷик имрӯз дар фазои комили суботу амният, рушду шукуфоӣ зиндагӣ ва фаъолият намуда, бо арҷгузорӣ ва шинохти неъматҳои бузурги сулҳу оромӣ ба сӯи фардои боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Ҳар гоҳ ки мо аз сулҳу ваҳдат ёдовар мешавем, беихтиёр симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бо ҳисси баланди ватандорӣ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва Ватани аҷдодии хешро ҳифз намоем.
Сипас, дар рафти чорабинӣ ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, инчунин, барои фаъолияти намунавӣ, иҷрои сифатноки вазифаҳои хизматӣ ба беш аз 140 корманди пешсаф сипосномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, рутбаи тахассусӣ ва туҳфаи моддӣ супурда шуд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175