“НАВҶӮ”. ТАШАББУСИ ОЯНДАСОЗ ДАР ҶОДАИ ФАНОВАРИҲОИ ИТТИЛООТӢ

Имкониятҳое, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат барои омӯзишу пешрафти насли нав фароҳам омадаанд, аллакай, дар ҳамаи ҷодаҳо самараи нек ба бор оварда истодаанд. Ширкати миллии “Навҷӯ”, ки дар самти фановариҳои технологӣ фаъолият мекунад, ҳосили дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат дар ҷодаи таҳсилоти наврасону ҷавонон дар ин самт маҳсуб мешавад. Таъсиси ширкати “Навҷӯ” дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ташаббуси ду ҷавони фарзонаи зодагони даврони соҳибистиқлолӣ Зинҳор Насрӣ ва Хайёми Сарахон аст, ки ҳоло дар соҳаи IT-технологияи ҷаҳонӣ мавқеи устувор касб карда истодаанд.
«Navju» соли 2020 аз ҷониби ин ду ҷавон таъсис ёфта, ба эҷоди вебсайтҳо, замимаҳои мобилӣ, тарроҳии графикӣ, UX/UI ва платформаҳои веб машғул аст. Аз соли 2024 дар соҳаи роёниши (платформа)-и абрӣ таҳти бренди "Navju Cloud" фаъолият мекунад ва аз моҳи августи соли равон бақайдгирандаи расмии доменҳои “.tj” ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои Зинҳор Насрӣ, ки ҳоло фаъолияти ширкатро пеш мебарад, моҳи августи 2025 онҳо ба гирифтани аккредитатсия доир ба бақайдгирии доменҳои миллии “.tj” муваффақ шуданд. Бартарияти тарзи кори "Navju Cloud" дар он аст, ки ҳангоми сохтани сомонаҳо барномасозон метавонанд ба идораи ширкат наомада, пардохти ҳаққи хизматрасониро иҷро намуда, домени заруриро ба таври электронӣ дархост намоянд. Чунин имконият барои сарфаи вақту рафъи саргардониҳо дар сомона ҷой дода шудааст.
– Ҳоло вақти он расидааст, ки тарзи кори сомонасозӣ ва муносибатҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ осонтар карда шавад, то кулли соҳаҳои ҳаёт ба майдони технологияи иттилоотӣ зудтар ворид гарданд, – изҳор дошт номбурда.
Зинҳор Насрӣ, аз зумраи мутахассисони аввалини кишвар дар ҷодаи фановариҳои технологӣ мебошад, ки бо ташкили ширкати миллӣ дар ин соҳаи замонавӣ барои фаъолияти дигарон заминаро фароҳам овард. Қаблан барои ташкилоту корхонаҳои давлатӣ лозим буд, ки дар кушодани сомонаҳо ва хариди серверҳои абрӣ ба соҳибкорони хориҷӣ муроҷиат намоянд. Акнун ин эҳтиёҷотро ҷавонони лаёқатманди мамлакат бо иродаву малакаи худ бароварда сохтанд, ки ҷойи офарину ифтихор аст. Асосгузорони "Navju" муносибатҳои тиҷоратиро ҳадафи асосии фаъолият қарор надода, ба рушду таҳияи сомонаҳои корпоративӣ, давлатӣ ва тиҷоратӣ дар дохили кишвар бештар мутаваҷҷеҳанд. Онҳо таҷрибаи бузурги эҷоди сомонаҳо барои сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусиро аз худ кардаанд. Зинҳор Насрӣ мегӯяд, ки онҳо то соли 2025 зиёда аз 30 веб-лоиҳаро амалӣ карданд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо дар сохтусози вебсайтҳои сохторҳои давлатӣ низ унсурҳои навтарини технологияҳои иттилоотиро ҷой доданд. Ҳоло ӯ хидматрасонии хостинг барои сомонаҳо, таҳияи SSL-сертификатҳову почтаҳои корпоративиро ба роҳ монда, доменҳои байналмилалии “.com”, “.net”, “.org”, “.info” ва ғайраро ба қайд мегирад. Ҳамчунин, барои "Android" ва iOS замимаҳои мобилӣ омода мекунанд. "Navju" ҳамчунин, фаъолияташро густариш дода, дар соҳаи тарроҳии электронӣ, аз ҷумла тарроҳии графикӣ, интерфейси корбар (UX/UI), намои визуалӣ барои ширкатҳо, брендҳо, пешравиҳои назаррас дорад.
Тавре медонем, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Ба андешаи Зинҳор Насрӣ, ин иқдом ба рушди фановариҳои технологӣ такон бахшида, дастгирии саривақтии Ҳукумат дар ҷодаи омӯзишу пешбурди фаъолияти технологияи навин маҳсуб мешавад, ки боиси ҳавасмандии ҷавонон ба ин соҳаи замонавӣ шудааст. Номбурда тасмим дорад, ки дар доираи ташаббуси навини Ҳукумати кишвар дигар ҷавонону наврасонро ба омӯзиш ва фаъолият дар ин ҷода ҷалб намояд. Ҳоло дар доираи кори ширкати миллии “Navju” ба хотири рушди савияву донишҳои фановариҳои иттилоотӣ дар байни наврасону ҷавонони кишвар дастгириҳои грантӣ барои лоиҳаҳои таълимӣ дар соли 2025 роҳандозӣ гардидааст.
Зинҳор Насрӣ хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-уми шаҳри Душанбе буда, ихтисоси тарҷумони забони олмониро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯхтааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175
