ХОВАЛИНГ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

15 сентябр 2025, Душанбе
23


Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг барои давраи солҳои 2022-2026 сохтмони 221 иншооти таъиноташон гуногун дар назар аст.
Тавре раиси ноҳияи Ховалинг Фаррух Набизода иброз дошт, дар нимсолаи якуми соли равон 14 иншоот ва дар маҷмуъ, 139 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 62,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина, корҳои сохтмонӣ дар иншооти қасри фарҳанг, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-уми деҳаи Ҳалқаёр, муассисаҳои таълими №13-уми деҳоти Лоҳутӣ, №35-уми деҳоти Ҷомбахт, боғчаи кӯдакона ва Гимназияи хусусӣ дар Ҷамоати шаҳраки Мунк, маҷмааи варзишӣ дар деҳоти Ҷомбахт ва бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Мунк бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси диёр бомаром идома доранд.
Бо дастгирии раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3-юми деҳаи Доробӣ, №12-уми деҳаи Гулзор, №23-юми деҳаи Ҷомбахт ва бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг” бомаром идома доранд. Сокинони ноҳия аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи давлат биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд шуда, ба ин васила, ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.
Бошандагони ноҳияи Ховалинг бо пуштибонӣ аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ободонии ноҳия ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ содиқона ва дилгармона заҳмат кашида, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо сари баланду туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол хоҳанд гирифт.

Холназар КАСИРОВ,
рӯзноманигор

Санаи нашр: 15.09.2025 №: 177