МАВҶИГУЛИ МАЪНИСАРО АЗ ВАРЗОБ

15 сентябр 2025, Душанбе
38


Дар як субҳе, ки аз тиреза насими форам мевазид, дар оғӯши табиати Хоҷа Оби Гарм аз хоб бархостаму баъди шустани дасту рӯ сӯи ошхонаи ин истироҳатгоҳи машҳур роҳ пеш гирифтам. Вақти наҳорӣ аз радиои истироҳатгоҳ масъули хонаи фарҳанги ин даргоҳ Зайниддин Зиёев эълон кард, ки ин шом барои болидаруҳии истироҳаткунандагон ҳунарвари хушному хушовоз Мавҷигул Саидова таронаҳо хоҳад суруд.
Мавҷигул Саидова корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Варзоб буда, истеъдоди шоистае доштааст. Вақте шом фаро расид, бо муштоқӣ дар курсиҳо менишастем, то аз ҳунарнамоии Мавҷигул Саидова баҳра барем.
Интизориҳои мо самар овард. Ин бону маънисаро будааст. Аз соати 19 барнома оғоз ёфт. Мавҷигул ғазалҳои мондагори Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Сайидои Насафӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собирро бо як маҳорати баланд дар пардаи оҳангҳои ҷоннавоз суруд.
Кафкӯбиҳои аҳли толор баланд ва садои “як ҷуфти дигар” шунида мешуд. Барнома қариб то дили шаб идома ёфт.
Баъди консерт Мавҷигул дар суҳбат ба мо қисса кард, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, зери назари устодон истеъдодашро сайқал додааст.
Ба адабиёти классикии тоҷик муҳаббати бепоён дошта, бино ба гуфтаи ӯ, маҳз суханҳои воло, маъниҳои нишонрас таронаро ҷон мебахшад, болу пари суруди ҳақиқӣ шеърҳои баландмазмун аст.
Дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳияи Варзоб фаъолона ширкат меварзад ва дорои нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳокими САФАР, собиқадори матбуот

Санаи нашр: 15.07.2025 №: 177