САҲМИ САНОАТ ДАР ММД БА 24 ДАРСАД РАСИД

Тибқи нишондиҳандаҳои пешакӣ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ моҳҳои январ-июни соли равон аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 24 дарсадро ташкил дод, зинаи баландтаринро соҳиб гашт.
Дар робита ба ин ва дигар паҳлуҳои соҳа, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир андешаҳояшро ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт:
– Тайи ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 7,1 миллиард сомонӣ афзуда, ба 29,6 миллиард сомонӣ расид. Инчунин, 218 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардида, 3429 кас соҳиби ҷойи кор шуд. Самти фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда ва содиротӣ нигаронда шудааст. Аз ҳисоби корхонаҳои нав 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид гардид. Дар доираи Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ 168 корхонаи нави саноатӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Танҳо дар нимсолаи соли равон бо иштироки Сарвари давлат шонздаҳ корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Мутаассифона, ба ҳолати якуми июли соли равон шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба 129 расид, ки нисбат ба аввали сол 45-то кам аст. Сабабҳои асосии муваққатан аз фаъолият мондан ё қатъи фаъолияти корхонаҳо мушкилоти молиявӣ, аз ҷумла қарздории андозию бонкӣ, иҷоравӣ, аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибмулкони корхонаҳо, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолӣ аст.
Корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар ҳафт моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз понздаҳ миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа чилу ду дарсади ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ мебошад. ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ва ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» фаъолиятро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсолро мутаносибан зиёд таъмин намуданд. Дар ин давра дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ ба фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз бахшида шуд, ки самти фаъолияташ истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аст. Иқтидори коркарди корхона дар як шабонарӯз то 4500 тоннаро дар бар мегирад. Бо истифода қарор додани коргоҳ 300 кас соҳиби ҷойи кор шуд. Инчунин, ёздаҳуми июли соли равон Пешвои миллат дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи ҶСК “Паҳндара Майнинг” оғоз бахшиданд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз ҳисоби истихроҷи маъдан зиёда аз 150 ҳазор тонна, ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурма то 50 ҳазор тонна бо таркиби то сиву панҷ дарсад сурма ва иқтидори солонаи корхонаи истеҳсоли маъдани сурма то панҷ ҳазор тонна маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст. Марҳалаи ба кор даровардан ва оғози истеҳсолот соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки 400 кас соҳиби кор мегардад.
Нишондиҳандаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Корхонаҳои соҳа ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд. Давоми соли равон чанд корхонаи нави масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармояи беш аз 68 миллион сомонӣ ифтитоҳ ёфтанд. Бунёди корхонаи коркарди санг дар ноҳияи Ванҷ, корхонаҳои истеҳсоли шифер, бетон ва қуму шағал дар шаҳри Панҷакент ва корхонаи хишти сабук (газоблок) дар шаҳри Бӯстон аз ҳамин қабиланд. Соли равон дар шаҳри Душанбе барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронда бо сарфи 40 миллион доллар аз тарафи ҶСП «Санталайс» корхонаи истеҳсоли кошинҳои ороишӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Саноати хӯрокворӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути бунёди корхонаҳои муосир идома дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 4,8 миллиард сомонӣ расид. Нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, 16,2 дарсади маҷмуи маҳсулоти саноати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Танҳо дар нимсола дар соҳа ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 48 корхона бо 277 ҷойи кор сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло дар кишвар беш аз 850 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият дорад.
Мо – саноатчиён ва соҳибкорони истеҳсолиро мебояд, дар раванди амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра мушкиливу монеаҳои ҷойдоштаи бахшҳои саноати мамлакатро рафъ намуда, ҷиҳати ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
