МЕЪМОРӢ. ТОҶИКОН АЗ ҚАДИМ МАРДУМИ ШАҲРДОРАНД
Меъморӣ, бешак, аз он соҳаҳои муҳими кишвар аст, ки сол ба сол равнақи тоза мегирад. Маҳз бо шарофати меъморӣ ҳоло дар ҳамаи манотиқи мамлакат садҳо иншооти дорои таъиноти гуногун қомат рост кардаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки ба шаҳру деҳотамон чеҳраи дилкаш мебахшанд. Тарҳу ороиши биноҳо ҳам куллан аз он даврони шуравӣ, ки қариб ҳама якранг буданд, бо услуби сохту нақшбандӣ ва ороишу симои мувофиқ ба талаботи рӯз фарқ мекунанд.
Имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 400 ширкату идораҳои меъмориву сохтмонӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ҷиҳати бунёди иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муассир доранд. Коршиносон, мутахассисони ҳирфаӣ иқрор мешаванд, ки авҷи чунин корҳои сохтмонӣ бо ин фарогириву дар ин сатҳ дар ягон давру замон ба мушоҳида нарасидааст ва инро метавон аз неъмат ва самари соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати мардуми кишвар арзёбӣ кард. Чанд иншооти муҳими танҳо дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қароргирифта, аз ҷумла чойхонаҳои миллӣ дар боғи «Ваҳдат», назди қасри Арбобу шаҳраки Хистеварз ва амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар тамошобин, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Хоҷа Камол дар шаҳри Хуҷанд, толори пазироии меҳмонон дар фурудгоҳи Хуҷанд, қасри фарҳанг дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон, кохи матбуот дар шаҳри Хуҷанд, маркази фароғатии наврасону бачагони “Шоҳин” дар шаҳри Гулистон, аз лиҳози тарҳу ороиш, бандубасти сохтмонӣ, услуби омехтаи шарқу ғарб таваҷҷуҳи мардуми диёр ва меҳмононро ба худ ҷалб мекунанд, ки аз пешравии соҳаи сохтмони ҷумҳурӣ, бавижа вилояти Суғд, гувоҳӣ медиҳад. Аммо бо ин дастовардҳо набояд маҳдуд шуд, балки ба дурнамои дури соҳа назар андохт. Минбаъд боз қадами устувору боэътимод гузоштан аз лиҳози татбиқи инноватсионию технологияи муосири лоиҳакашиву меъморӣ ва сохтмони шаҳрсозӣ аз муҳимтарин ҳадафҳои масъулини соҳа бошад.
– Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, самари соҳибистиқлолии кишвар, талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сартосари Тоҷикистони азиз фазои оромиву созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳукмрон мебошад, – иброз дошт Мирзоумед Бобоев, директори ҶДММ “Ширкати бунёдгари Суғд”.
– Он дигаргуниҳое, ки дар дунёи шаҳрсозиву меъморӣ имрӯз ба вуқуъ мепайванданд, гӯиё бо таври кайҳонист, – иброз медорад Муъминҷон Бобоев, раиси бахши суғдии Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон, – албатта, ҳамаи ин рамзи тинҷиву оромӣ, пешрафти иқтисодиву болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Ҳоло шаҳрвандон таҳияи лоиҳаҳоеро фармоиш медиҳанд, ки дар кишварҳои пешрафта сохта мешаванд. Ба шарофати истиқлоли миллӣ ҳамаи орзуву умедҳо амалӣ мегарданд, фақат зарур аст, ки мутахассисон ба сифати сохтмон бо такя ба таҷрибаҳои ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.09.2025 №: 178