ҶУДО

16 сентябр 2025, Сешанбе
18


7 медали паҳлавонони ҷавон аз Чемпионати Осиё
Ҷавонпаҳлавонони кишвар дар Чемпионати ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки 11-14-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир гашт, 7 медал: 2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар чемпионати наврасон 196 варзишгар аз 21 давлат ва миёни ҷавонон 198 варзишгар аз 20 давлати қора ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро дар ҳар ду синну сол 10 нафар намояндагӣ кард.
Мадина Қурбонзода (-52 кг), ягона бону дар ҳайати Тоҷикистон, миёни наврасон медали тилло ва миёни ҷавонон медали биринҷӣ гирифт. Медали дигари тиллоро Рошид Неъматов миёни наврасон сазовор гашт. Ӯ дар финали вазни -73 кг бар намояндаи дигари кишвар Бобоҷон Шаропов ғолиб омад. Бобоҷон медали нуқра ба даст овард. Медалҳои дигари биринҷиро Абубакр Абдуҷалилзода (-81 кг) миёни наврасон, Икром Шамсов (-60 кг), Абдулло Лоиқов (-81 кг) мушарраф шуданд.
Ноиби аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков бо натиҷагирӣ аз Чемпионати Осиё гуфт: “Муваффақияти ҳамзамон дар ҳар ду гурӯҳи синнусолӣ, аз ҷумла ду медали тилло миёни наврасон барои мо як дастоварди нодир ва назаррас – яке аз беҳтарин натиҷаҳо дар таърихи муосири ҷудои тоҷик дар сатҳи Осиё буд. Ин дастовардҳо натиҷаи кори мураттаби ҳайати мураббиён, клубҳо ва худи варзишгарон мебошад”.
Ба гуфтаи Э. Маҳмадбеков дар идомаи соли равон мусобиқаҳои сатҳи баландтар дорем. Моҳҳои октябр ва ноябр дар Перу Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, дар Озарбойҷон Бозиҳои ИДМ, дар Баҳрайн Бозиҳои Осиё миёни наврасон, дар Арабистони Саудӣ Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, инчунин, мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешаванд, ки варзишгарони мо дар ҳамаи онҳо ширкат хоҳанд кард.

ФУТБОЛ
“Регар-ТадАЗ” – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2025 бо пирӯзии тими “Регар-ТадАЗ” анҷом ёфт.
Дар бозии финалӣ, ки шоми 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт, “Регар-ТадАЗ” бар тими “Эсхата” бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев, Самандар Қодиров, Шӯҳрат Элмуродов (ду гол) ва Нозим Бобоҷонов заданд.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон 15 маротиба ба финал баромада, ҳашт бор – дар мавсимҳои 2000/2001, 2001/2002, 2005, 2006, 2011, 2012 ва 2024 пирӯз гаштааст.
Фонди ҷоизавии мусобиқа имсол 100 000 сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб 60 000 сомонӣ ва ба иштирокчии финал 40 000 сомонӣ тақдим гашт. Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигари бозии финалӣ эътироф шуд.


БОКС
Медали тиллои Хусравхон Раҳимов дар Актау
Муштзани ҷавону умедбахши кишвар Хусравхон Раҳимов дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Ш. Болтекули дар Актауи Қазоқистон медали тилло ба даст овард.
Дар Мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони Қазоқистон, муштзанон аз Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Хусравхон дар вазни -60 кг дар се давр бар варзишгарони Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дар финал бар намояндаи Туркманистон ғалаба кард.

ШАМШЕРБОЗӢ
Медали таърихии Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби шамшербозии кишвар дар Ҷоми Осиё байни наврасон, дар ҳисоби даставии равияи рапира медали биринҷӣ ба даст овард.
Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон гуфт, ин аввалин медали чунин сатҳ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ба ҳайати тими кишвар се варзишгари боистеъдод – Саъдия Муродова, Сумайя Муродова ва Аниса Насимова шомил буданд.
Ҷоми Осиё оид ба шамшербозӣ миёни наврасон бо иштироки 207 варзишгар аз 11 давлат 9-13-уми сентябр дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон доир гашт.

ТЕННИС
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
15-уми сентябр дар Корти тенниси Роҳи оҳани Тоҷикистон маросими ифтитоҳи XV Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Тавре Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст, дар мусобиқа 60 варзишгар аз 13 давлат – Тоҷикистон, Россия, Чин, Эрон, Амрико, Арабистони Саудӣ, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва дастаи Федератсияи байналмилалии теннис иштирок мекунанд.
Мусобиқа то 18-уми сентябр идома ёфта, ғолибону ҷоизадорон бо Ҷом ва мукофоти арзишманд қадр мешаванд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.09.2025 №: 178