БОЗТОБИ МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР “АССОШИЭЙТЕД ПРЕСС”

17 сентябр 2025, Чоршанбе
10

Аз 31-уми август то 3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай плюс ва чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ба шаҳрҳои Тянҷин ва Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом доданд. Дере нагузашта расонаҳои фазосози ҷаҳонӣ доир ба ҷараёни ҳамоиши мазкур бо зикри номи Тоҷикистон хабару гузоришҳои зиёд нашр намуданд. Ин мавзуъ, бахусус дар сомонаҳо ва расонаҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла агентии иттилоотии “Ассошиэйтед Пресс” бозтоби иттилоотии густурдаеро касб кард.
Шихуан Чен, хабарнигори минтақавии "Ассошиэйтед Пресс", дар матлабе зери унвони “Нигоҳе ба раҳбарони ҷаҳон, ки дар нишасти сарварони Созмони ҳамкории Шанхай ва паради низомии Чин ширкат мекунанд” менависад: “Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое ҳаст, ки аз замони таъсисёбии Созмони мазкур узви баробарҳуқуқи он мебошад ва ҳамвора дар баррасиву ҳалли масоили ҷойдошта саҳм мегузорад”.
Манбаъ махсусан зикр мекунад, ки аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҳамоиш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни таҳлили вазъи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм дар ҳама зуҳуроти он, инчунин, бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур шумурда шуд.
Канис Леунг хабарнигори Агентӣ аз Ҳонконг менависад, ки мавзуи мазкур таваҷҷуҳи роҳбарони бисёре аз кишварҳои иштирокдори ҳамоиш, аз ҷумла Си Ҷинпинро ҷалб намуд. Ӯ низ аз пешбурди ташаббусҳои амниятии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узв ҷонибдорӣ намуд.
Таваҷҷуҳ ба иштироку суханронии Пешвои миллат дар ин ҳамоиш аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ, бавижа Амрико, далели он аст, ки Сарвари давлати мо дар нишасту конфронсҳои сатҳи баланд ҳамеша умдатарин мушкилоти глобалиро матраҳ намуда, ба хостаҳои мардуми сайёра роҳҳалҳои беҳтар манзур мекунанд.

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.09.2025 №: 179