ДАВҲА. ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СУЛҲИ САРТОСАРӢ
![]()
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябр дар ҷаласаи ғайринавбатии сарварони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат зимни баррасии вазъи кунунии ҷаҳон, бахусус минтақаи Ховари Миёна, бо таассуфи шадид изҳор доштанд, ки тули ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ҳоли фоҷиабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзуи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд.
МАРОМИ ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМИ СУЛҲ АСТУ БАС
Воқеан, имрӯз рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунандаву хатарзо дар Ховари Миёна беш аз пеш мушоҳида мегарданд. Ба ин хабару гузоришҳои ахир, ки тавассути сомонаҳои дохиливу хориҷӣ дар фазои иттилоотӣ паҳн мешаванд, далел шуда метавонанд.
Ин даргириҳо, ки миёни кишварҳои минтақа сурат мегиранд, ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд. Маҳз ҳамин масъалаи таъмини амнияти куллӣ дар саросари ҷаҳон буд, ки роҳбарони мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро ба ҳам овард.
Маврид ба зикри хос аст, ки саҳми Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони мазкур дар таҳкими сулҳу суботи пойдор дар минтақа ва ҷаҳон бориз аст. Ба ин, пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки зимни суханрониашон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ баён доштанд, мисоли возеҳу равшан аст.
Зимни нишасти сарварони кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ҳам Пешвои миллат мамлакатҳоро ба тақвияти иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват карданд. Дар ҳоле ки сокинони сайёра аз таҳдиду хатарҳои пайдарпай ба таҳлука афтоданд.
Ин ҳамаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ сари вақт дарк карда, аҳли оламро аз он огоҳӣ медиҳанд, зеро марому мақсади аслии Сарвари давлат ҳамеша ҳимояи ҳуқуқи мардуми мазлуму бечора, новобаста аз миллату нажодашон мебошад.
ДУ СОЛИ ОХИР ДАР ХОВАРИ МИЁНА ЧӢ ГУЗАШТ?
Агентии иттилоотии ТАСС гузоришеро нашр намудааст, ки дар он аз талафоти ҷониву моддии Ғазза аз оғози ҷанг то ҳол хабар медиҳад. Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ аз моҳи октябри соли 2023 ҳадди ақалли хисорот беш аз 38 миллиард долларро ташкил медиҳад. Чунин маълумот дар “Telegram”-и Хадамоти матбуоти Ғазза низ нашр шудааст.
Тибқи маълумоти Агентӣ, дар рӯйхати иншоотҳои валангоршуда 137 муассисаи таълимӣ, 823 масҷид, 3 калисо, 206 бинои дорои арзиши фарҳангиву таърихӣ, беш аз 161 ҳазор воҳиди манзили зист, зиёда аз 160 муассисаи тиббӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обтаъминкунӣ, инчунин, инфрасохтори роҳу нақлиёти Ғазза шомил мебошанд.
Вазорати тандурустии Ғазза хабар дод, ки зиёда аз 47 000 фаластинӣ қурбони задухӯрдҳои мусаллаҳона гардида, беш аз 111 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки ин даргириҳо ҳанӯз 7-уми октябри соли 2023 оғоз ёфтанд. Исроил муҳосираи пурраи Ғаззаро эълон ва ба ҳамлаҳои ҷавобӣ алайҳи он ва баъзе манотиқи Лубнон ва Сурия шуруъ кард.
Пас аз ба харобазор табдил додани Ғазза Исроил ба кишварҳои дигаре аз қабили Яман, Эрон ва ахиран Қатар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амал нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ хонда шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2025 №: 179