ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

17 сентябр 2025, Чоршанбе
22


Мо бояд ҷавононро аз таъсири ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем. Барои ин, сатҳи маърифати динӣ, илмӣ ва фарҳангии онҳо баланд бардошта шавад ва давлату ҷомеа бояд шароити мусоиди таҳсилу зиндагии шоистаро фароҳам оваранд.

Эмомалӣ РАҲМОН
Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти ҷиддии башарият ба ҳисоб меравад. Ин падидаҳо на танҳо амнияти миллӣ ва ҷаҳониро зери хатар мегузоранд, балки арзишҳои инсонӣ, фарҳангӣ ва маънавиро низ хароб месозанд.

Терроризм ва экстремизм имрӯз ба унвони яке аз таҳдидҳои бузурги асри XXI ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Тоҷикистон низ бо ин вабо рӯ ба рӯ шуда буд ва хушбахтона, бо сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар субот ва амнияти устувор барқарор гардид.
Роҳбари давлат борҳо таъкид кардаанд: «Терроризм ва экстремизм ба ҳеҷ дин, мазҳаб ва миллат рабт надоранд. Онҳо зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ буда, ба муқобили арзишҳои умумибашарӣ равона шудаанд. Мубориза бо онҳо масъулияти дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои ҷаҳон аст».
Бо ибтикори Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризмро қабул намуд. Ҳамчунин, ҳамкории фаъол бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар мубориза бо ин вабои аср таҷрибаи пешқадамро ба роҳ монад.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба масъалаи пешгирии терроризм ва экстремизм дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Қонунгузории миллӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва тарғибу ташвиқи маърифати динӣ ва ватандӯстӣ аз ҷумлаи чораҳои муҳиманд. Хосса, нақши оила, мактаб, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон калидӣ аст.
Тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон, фаъол гардондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, фарҳанг ва илм, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ифротгароӣ, аз корҳои муҳими тарғиботию ташвиқотӣ миёни ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Ҳар шаҳрванд бояд масъулияти шахсии худро дар ҳифзи амнияти ҷомеа эҳсос намояд ва нагузорад, ки бетафовутӣ ҷойи ҳисси ватандорӣ ва худогоҳиро бигирад. Танҳо бо ҳушёрӣ, дониш ва ҳамбастагӣ мо метавонем аз хатари терроризм ва экстремизм эмин бошем.
Терроризм ва экстремизм падидаҳои бегона барои ҷомеаи тоҷиканд. Пешгирии онҳо на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати ҳар шаҳрванд мебошад.

Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент”

Санаи нашр: 17.09.2025 №: 179