СУҒД. КОРХОНАИ ҒАНИГАРДОНИИ МАЪДАНИ ОҲАН БУНЁД МЕШАВАД

17 сентябр 2025, Чоршанбе
145

Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар вилояти Суғд сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик» идома дорад.


Соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат дар мавзеи Шоқадамбулоқ санги асоси ин иншооти муҳим гузошта шуд. 
Ҳоло дар Комбинат корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 700 сохтмончии маҳаллӣ ва мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо суръат ҷараён доранд. Дар сохтмон беш аз 150 техникаву таҷҳизоти пуриқтидор ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебарад. Корхона дар ду марҳала сохта мешавад. Марҳалаи аввал то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва марҳалаи дуюм то соли 2031 пурра ба истифода дода мешавад.
Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд.

МАКТАБҲОИ НАВУ ЗАМОНАВӢ ҚОМАТ МЕАФРОЗАНД

Ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат меафрозанду намои шаҳрро зеботар мегардонанд. Инчунин, дар баробари бунёди корхонаҳои саноативу иншооти таъиноти гуногун, ба ҳалли мушкилоти сокинон низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Хушоянд аст, ки дар баробари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, ҷавонони бонангу номус дар ободии деҳу маҳали зисти худ саҳм мегиранд. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар деҳаи Суфӣ Ориф бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст, аҳолӣ ва шахсони саховатпеша бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62 қомат меафрозад. Пас аз ба итмом расидани сохтмон, бинои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо мебел ва дигар лавозимоти хониш таъмин мешавад.
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия дар шаҳр сохтмони 20 иншооти гуногуни таълимӣ барои 16 000 ҷойи нишаст босуръат идома дорад. Дар арафаи оғози соли нави хониш 6 иншооти муосир, аз ҷумла биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, китобхона, ошхона барои хонандагон, ба истифода дода шуданд.

ҶАВОНОН СОЗАНДАГИРО ПЕША КАРДААНД

Дар радифи дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар ноҳияи Шаҳристон низ ба бунёди иншооти ҷашнӣ аҳамияти махсус равона гардидааст. Даромадгоҳи деҳаи Ваҳдати ноҳия ба таври замонавӣ таҷдид шуда, симои зебо ва ҷолиб пайдо кардааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи асосии ноҳия тандиси рамзии “Асп” гузошта шуд, ки ба хусусияти таърихиву фарҳангии ин минтақа мувофиқат мекунад.
Бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯраев ва фарзандонаш дар деҳоти Бунҷикат фермаи калони чорвопарварӣ бунёд мешавад. Иншооти ҷашнӣ дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ барои парвариши 1000 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ, 500 сар гов ва асп хоҳад шуд. Чорвои зотӣ аз хориҷи кишвар ворид гашта, барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли шир ва гӯшти босифат заминаи устувор фароҳам оварда мешавад. Парвариши аспҳои зотӣ низ ба як самти муҳими фаъолияти ферма табдил меёбад, ки ба рушди бахши варзиш ва сайёҳии аспсаворӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо ташаббуси ҳамин соҳибкор дар деҳаи Ободӣ кӯдакистон барои 400 нафар бунёд гардида истодааст. Корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд ва нақша аст, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра ба анҷом расанд. Илова бар ин, соли равон бо саҳми Анорқул Ҷӯраев беш аз се километр роҳи маҳаллӣ мумфарш мегардад. Соли 2026 бошад, бо ташаббуси ӯ боз 7 километр роҳи деҳаи Ободӣ мумфарш мешавад.
Чанде пеш раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо корҳои бунёдкории ноҳияи Шаҳристон шинос шуда, саҳми чунин шахсони ватандӯстро дар амалисозии сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди диёр назаррас арзёбӣ намуда, ба Анорқул Ҷӯраев ва фарзандони ӯ барои амали нек ва хидматҳои шоиста миннатдорӣ кард.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.09.2025 №: 179