СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД!

17 сентябр 2025, Чоршанбе
30


Ҳамоиши ахири Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеи хосса ва эътибори устувор мебошад. Ин мавқеи бонуфуз дар натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун диёри сулҳпарвар шинохта шудааст, зеро он таҷрибаи нодири ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллиро дорад. Ин таҷриба ба дигар давлатҳое, ки бо мушкилоти дохилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекунад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар ҳалли масъалаҳои глобалии норасоии оби ошомиданиву тағйирёбии иқлим, саҳми арзанда мегузорад. Махсусан, эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ хеле афзуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули сиёсати “дарҳои кушода” бо ҳамаи мамлакатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин сиёсат имкон фароҳам овард, ки кишвар дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок ва мавқеи худро устувор намояд. Ҳамкорӣ бо созмонҳое, ба монанди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тарафдори сиёсати муколамавӣ ва ҳалли масъалаҳо тавассути ҳусни тафоҳум аст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон мебошад. Мавқеи ҷуғрофии он, ки дар марзи мустақими давлатҳои ноором қарор дорад, Тоҷикистонро ба як меҳвари муҳими амнияти минтақавӣ табдил додааст. Муборизаи беамон бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, ки Тоҷикистон пеш мебарад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва дастгирӣ меёбад. Ин кӯшишҳо Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод дар таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.
Тоҷикистон бо сиёсати инсондӯстонаи худ дар саҳнаи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад. Дастгирии паноҳҷӯён ва ёрӣ ба кишварҳои дигар дар лаҳзаҳои душвор, сиёсати хориҷии ҷумҳуриро боз ҳам пурқувваттар месозад. Ин сиёсат нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо барои манфиатҳои миллии худ, балки барои арзишҳои умумибашарӣ низ мубориза мебарад.
Мавқеи Пешвои миллат дар маркази акси хотиравии сарварони давлатҳо дар ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Тянҷини Чин нишонаи эҳтиром ба шахсияти ӯ ва эътирофи саҳми бузурги Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мебошад. Ин эътибор натиҷаи сиёсати дарозмуддат ва пурсамар буда, дар партави дурандешӣ ва хиради Пешвои миллат ба даст омадааст. Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамкорӣ ва сулҳпарварӣ содиқ боқӣ мемонад ва роҳи тараққиётро бо қадамҳои устувор пеш мебарад.
Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ, устоди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ

Санаи нашр: 17.09.2025 №: 179