Баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДОТ 

18 сентябр 2025, Панҷшанбе
33


Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Иброз шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълон намуд, вале солҳои аввали он пур аз мушкилиҳо ва хатарҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буданд. Дар ҳамин шароит ворид шудани шахсияти барҷаста – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба саҳнаи сиёсӣ дар наҷоти давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.


Лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун» ва таҷдиди НБО «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва Барномаи солимгардонии молиявии соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.


Таҳкими робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар бахшҳои иқтисодӣ
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо сафири навтаъини Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута мулоқот кард.
Ҷонибҳо ба таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон дар заминаи ҳамкории молиявию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Инчунин, имконияти мавҷуда барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд. Вазири молия барои таҳкими робитаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон изҳори омодагӣ кард.


Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Швейтсария баргузор гашт
Дар форум муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров дар вохӯрии (B2G) бо соҳибкорони Швейтсария иштирок намуда, дар бораи фаъолияти Палата ва имконоти сармоягузории мамлакат маълумот дод.
Дар доираи форум миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои муштараки Швейтсария – Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.


“Ганҷинаи мерос”: Фестивали либосҳои миллӣ
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодамон, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ – атласу адрас ва чакан, ки таҷассумгари ҳувият ва оини миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, дар Боғи Ирами пойтахт таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор шуд.
Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ имкон медиҳанд, ки ҷавондухтарон ба мероси бостонии халқамон арҷ гузоранд, ҳунару завқи зебоишиносии худро такмил диҳанд ва муаррифгари Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ ва таъриху тамаддуни бисёрасра бошанд.


Маҳсулоти кишоварзию саноатии Хатлон дар Алмаато
20-21-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон доир мегардад.
Ин тадбири муҳим дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоид фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат нақш мегузорад.


Ҷаласа оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи Шарқ
Дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба бо иштироки намояндагони 23 давлати ҷаҳон ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии гурӯҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи Шарқ – "RDGE – SСМ/2025" баргузор гардид.
Тавре аз Авиатсияи гражданӣ хабар доданд, баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати зиёд намудани ҷуғрофияи парвозҳо, баланд бардоштани самаранокии интиқоли байналмилалии ҳавоӣ, кӯтоҳ гардидани вақти роҳ ва хароҷоти амалиётӣ барои таъмини парвозҳои бехатар ва пешгӯишаванда мусоидат мекунад.

Санаи нашр: 18.09.2025 №: 180