ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРӢ ВА ҚАДРДОНӢ БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ

18 сентябр 2025, Панҷшанбе
70


Сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ аз қадимтарин ормонҳои ҷомеаҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар шароити муосир сулҳу субот на танҳо кафолати амнияти шаҳрвандон, балки заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо маҳсуб меёбад. Барои минтақаҳое, ки таърихан бо гуногунрангии этникӣ, мазҳабӣ ва манфиатҳои геополитикӣ тавсиф мешаванд, сулҳ аҳамияти хосса касб мекунад.
Осиёи Марказӣ, ки дар чорроҳаи тамаддунҳо қарор дорад, дорои захираҳои ғании табиӣ ва мавқеи муҳим дар низоми байналмилалӣ мебошад. Аммо ин минтақа ҳамеша бо мушкилоти мураккаб рӯ ба рӯ будааст: аз ихтилофҳои сарҳадӣ ва тақсими об то хатарҳои терроризм ва таъсири рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ. Хусусияти дигари минтақа дар он аст, ки ҷомеаҳо аз ҷанги дохилӣ, муҳоҷират, фақр ва осебпазирии иқтисодӣ низ ранҷ кашидаанд. Аз ин рӯ, сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ на танҳо масъалаи дохилии ҳар як кишвар, балки зарурати умумиминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Дар чунин шароит нақши роҳбарон, ки тавонанд сиёсати сулҳофариро пеш баранд, ҳалкунанда мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои марказии минтақа аст, таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, ба майдони муҳимтарини сулҳсозӣ табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванди мураккаб нақши калидӣ бозида, ҳамчун шахсияти таърихӣ ва меъмори сулҳ шинохта шудаанд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992) боиси талафоти бузурги инсонӣ ва муҳоҷирати густурда гардид. Дар ҳамин давраи буҳронӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ ва сиёсати созанда роҳи сулҳро пеша карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, барои Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ гардид.
Дар заминаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳ ба як самти асосии дипломатияи муосир табдил ёфтааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо терроризм ва зарурати ҳамкорӣ намунаи барҷастаи сиёсати сулҳофарии глобалӣ гардиданд. Тоҷикистон бо ин иқдомҳо худро ҳамчун субъекти фаъол ва масъули низоми байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Дар сатҳи минтақавӣ мушкилоти Осиёи Марказӣ, асосан, ба масъалаҳои сарҳадӣ, обу энергетика ва ноамнӣ дар Афғонистон вобаста буданд. Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне буданд, ки зарурати ҳамкориҳои дӯстона ва муколамаи созандаро бо ҳамсоягон таъкид намуданд. Аз ибтидои солҳои 2000-ум равобити Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид шуд. Лоиҳаҳои иқтисодиву инфрасохторӣ – аз неругоҳҳои барқи обӣ то роҳҳои байникишварӣ ба таҳкими мутақобилаи сиёсиву иқтисодӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат карданд.
Масъалаи Афғонистон ҳамчун «ҳалқаи заъфи амниятии минтақа» дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дошт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки сулҳ дар Афғонистон сулҳ дар Тоҷикистон ва тамоми минтақа аст. Тоҷикистон бо баргузории конфронсҳо ва нишастҳои сатҳи олӣ талош намуд, ки майдони гуфтугӯҳои сулҳ гардад ва мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори сулҳи умумибашарӣ тақвият бахшад.
Дар соли 2025 қадами муҳим ва таърихӣ – имзои Созишнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид. Ин санадҳо, ки бо иштироки сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қабул шуданд, ҳамчун намунаи равшани дипломатияи сулҳофарӣ дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ сабт гардиданд.
Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой маҳз барои қадрдонии чунин талошҳо пешбинӣ шудааст. Ҷоиза ба ифтихори нависанда ва мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ Лев Николаевич Толстой (1828-1910) номгузорӣ гардида, рамзи умумибашарии сулҳ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Ба ҳайати доварон шахсиятҳои маъруфи сиёсии кишварҳои гуногун шомиланд. Раиси ҳайат, Валерий Гергиев, таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии ҷоиза пешбурди ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила дар саросари ҷаҳон аст.
Дар соли 2025 ҳайати доварӣ Эмомалӣ Раҳмонро барандаи Ҷоиза эълон намуд. Имзои созишномаҳои сарҳадот ва Эъломияи дӯстии абадӣ ҳамчун дастоварди калидӣ арзёбӣ гардид.
Сарфароз шудани Пешвои миллат бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Ин Ҷоиза на танҳо шахсияти Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳ эътироф намуд, балки мақоми байналмилалии кишварро низ боло бурд. Ҳамзамон, он нишон дод, ки сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон намунаи муваффақи ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ буда, арзиши умумибашарӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар дохил ва ташаббускори дипломатияи сулҳофарӣ дар хориҷ дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижа пайдо карданд. Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой на танҳо ба хизматҳои шахсии ӯ, балки ба роҳи пуршарафи халқи тоҷик ва нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арҷ гузошт. Эътирофи байналмилалӣ собит месозад, ки сиёсати сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳамияти на танҳо миллӣ, балки умумибашарист.

Рухшона ВОСИФҶОНЗОДА,
директори Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия – Тоҷикистон «Мактаби
миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д.Ушинский»

Санаи нашр: 18.09.2025 №: 180