МУРҒОБ. АМАЛИСОЗИИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШРАФТ АСТ

18 сентябр 2025, Панҷшанбе
27


Пешрафти Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати рушди бемайлони ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамасола тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд. Дар ин росто, ноҳия сол ба сол дар ҳамаи самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил мешавад.
Маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Мурғоб симояшро дар даврони соҳибистиқлолӣ куллан дигар кардааст, биноҳои навбунёди ҳозиразамон, кӯчаҳои васеъ ва роҳҳои ҳамвор ба ҳусни шаҳрак ҳусни нав зам намудаанд. Кушода шудани роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма – Қароқурум ба пешрафти ноҳия такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳусния Раҷабзода, раиси ноҳияи Мурғоб, зимни суҳбат аз он изҳори хушнудӣ кард, ки ноҳия доимо таҳти назорати Пешвои муаззами миллат қарор дошта, барои пешрафти он Ҳукумати кишвар ҳамасола маблағҳои зиёде равона месозад. Махсусан, дар мавриди омодагӣ ба зимистон ноҳия дар назди Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз афзалияти зиёде бархурдор аст. Дар партави ғамхориву дастгириҳои махсуси Ҳукумати кишвар ноҳия сол ба сол ба пешравиҳои зиёде дастёб мегардад. Соли ҷорӣ низ ноҳия ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст. Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози ғайрибуҷетӣ 104, 6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 202 ҳазору 765 сомонӣ зиёдтар ворид шуд.
Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 32 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саршумори чорвои калон рӯ ба афзоиш дошта, ба 24784 сар расидааст. Инчунин, дар ноҳия 23289 сар қутос, 94525 сар гӯсфанду буз, 17 уштур ва 163 сар асп мавҷуд мебошад. Истеҳсоли гӯшт ва шир назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд гардид.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия сол ба сол зиёд мегардад. Калонтарин корхонаи саноатии ноҳия ҶДММ “СА. Минералз” маҳсуб меёбад, ки фаъолияти мавсимӣ дошта, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд. Ҳамчунин, дар ноҳия корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли қуму шағал, хишти сементӣ ва ғайра амал мекунанд, ки то рафт доираи фаъолияташон васеъ мегардад. Дар ин коргоҳу корхонаҳо низ даҳҳо бошандагони ноҳия машғули коранд. Дар нимсолаи аввал дар маркази ноҳия коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии “Нозанин” ва “Памил” ба кор шуруъ намуданд.
Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2024-2025 аз рӯи 72 банд ба маблағи 72 миллион сомонӣ пурра иҷро гардид. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ВМКБ дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гожо Бердибаев ва Аличур ду муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд. Корҳои ободонӣ ва созандагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ вусъат ёфта, дар маркази ноҳияи Мурғоб, ҷамоатҳои деҳоти Аличур ва Рангкӯл неругоҳҳои барқи офтобӣ сохта шуданд, ки тавоноии умумии онҳо бо назардошти бунёди дигар стансияҳои офтобӣ ба 5 ҳазор кВт мерасад.
Раиси ноҳия бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ карда, бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кадрҳои боихтисос ба кор фаро гирифта шуда, фаъолияти пурсамар доранд. Таъкид гардид, ки ба мақсади бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани соҳаҳои тандурустӣ ва маориф барои ноҳияи Мурғоб Квотаи алоҳидаи президентӣ ҷудо гардидааст. Квотаҳо, асосан, ба хатмкунандагони мавзеъҳои дурдасттарини ноҳия – ҷамоатҳои деҳоти Қаракӯл ва Рангкӯл дода мешаванд.
Раиси ноҳия бо хушнудӣ зикр кард, ки тамоми корҳои ободонӣ дар ноҳия натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҳаққи сокинони ин минтақаи дурдаст ва шароити иқлимиаш вазнин мебошад.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.09.2025 №: 180