КМОТ
Дилшод Саидзода раиси Федератсияи кӯҳнавардӣ ва шахпаймоӣ интихоб гардид
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маҷлиси ғайринавбатии интихоботии Федератсияи кӯҳнавардии варзишӣ ва шахпаймоии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода иштирок ва ҷараёни интихоботро назорат намуданд.
Зимни чорабинӣ Дилшод Саидзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Федератсия интихоб шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки бо интихоби роҳбарияти нав ин намуди варзиш рушд карда, варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб хоҳанд гашт.
САМБО
Дар Душанбе Ҷоми ҷаҳонии самбо баргузор мешавад
20-21-уми сентябр дар пойтахти кишвар бори нахуст Ҷоми ҷаҳонии самбо баргузор мешавад.
Давоми ду рӯз дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон паҳлавонон аз Беларус, Булғористон, Маҷористон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар 14 вазни самбои варзишӣ ва 14 вазни самбои размӣ зӯр меозмоянд.
Федератсияи самбои Тоҷикистон ҳайати тими кишварро эълон кард. Ба он 15 нафар (14 мард, 1 зан) шомиланд: Анӯшервон Назарзода, Хурсандмурод Баҳромов (58 кг), Сорбон Латифов, Насимҷон Охиров (64 кг), Муҳаммадисо Раҷабов, Деваштич Устопириён (71 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Деваштич Убайдӣ (79 кг), Зафар Олимшоев, Ҳамроз Раҷабов (88 кг), Муҳаммадҷон Зоидов, Комроншоҳ Устопириён (98 кг), Хуршед Маҷидзода, Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+98 кг), Гулнора Насриддинова (65 кг).
Ҷоми ҷаҳонии самбо-2025 аз ду марҳала иборат аст. Марҳалаи аввал 7-8-уми июн дар шаҳри Ереван (Арманистон) баргузор шуд, ки варзишгарони мо Беҳрӯз Ҳалимов дар риштаи самбои размӣ (вазни 64 кг) ва Комроншоҳ Устопириён дар намуди самбои варзишӣ (вазни 98 кг) медали нуқра ба даст оварданд. Мусобиқа дар Душанбе марҳалаи дуюми Ҷоми ҷаҳон хоҳад буд.
ФУТБОЛ
Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё: “Истиқлол” бозии аввалашро доир намуд
Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё, дар гурӯҳи «D» аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ мағлуб шуд.
Бозии дастаҳо шоми 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз доир гардида, бо ҳисоби 5:0 бар суди тими мизбон анҷом ёфт. Дар ин бозӣ капитани “Ал-Наср” Кристиан Роналдо иштирок накард.
Дар бозии дигари гурӯҳ «Ал-Завра»-и Ироқ бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо натиҷаи 2:0 пирӯз гардид.
Бозиҳои даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 1-уми октябр баргузор мегарданд. Дар ин давр «Истиқлол» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими “Гоа” вомехӯрад.
Марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элитаи Осиё иштирок намояд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
