РАҚАМИКУНОНӢ ВА РУШДИ ИННОВАТСИЯ. НАҚШИ АГЕНТИИ НАВТАЪСИС ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ОЯНДАСОЗ

Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ тамоми соҳаҳои ҳаётро босуръат дигаргун месозанд, саҳми инноватсия дар иқтисодиёти Тоҷикистон омили асосии рушди устувор дониста мешавад. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ на танҳо масъалаи навсозии технологӣ, балки зарурати стратегӣ барои муайян кардани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар кишвар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати таъмини самараноки гузариши рақамӣ, ҳамчунин, солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид.
Дар ин раванд, яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабули қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2024 аз минбари Ассамблеяи генералии СММ пешниҳод гардида буд.
АГЕНТӢ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИРО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ дорад. Дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 Агентӣ барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди устувори кишвар ва минтақа фаъолона иқдом мегирад.
РЕЗИДЕНТҲОИ IT PARK-И ДУШАНБЕ ЗИЁД МЕШАВАНД
Бо ҳадафи рушди соҳаи технологияи иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ, 7-уми апрели соли 2025 расман нахустин IT Park – ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ба фаъолият шуруъ кард. IT Park-и мазкур ба стартапҳо ва ширкатҳои IT имкон медиҳад, ки онҳо дар муҳити рақамии муосир рақобатпазир бошанд ва маҳсулоти рақамии навини худро ба доираи васеъ пешниҳод намоянд. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 26 ширкати ватанӣ мақоми резиденти IT Park гирифта, тибқи нақша, то охири сол шумораи резидентҳои он ба 100 адад расонда мешавад. Тибқи қонунгузории кишвар, резидентҳои IT Park аз имтиёзҳои махсуси андозиву гумрукӣ бархурдор мебошанд.
ҲАМГИРОИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА МУОСИРГАРДОНИИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БА АҲОЛӢ
Боиси зикр аст, ки дар доираи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ низомҳои муосири тасдиқи шахсият, имзо ва пардохт мавриди амал қарор дода мешаванд. Айни замон бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ таҳия гардида, дар заминаи он аз ҷониби Агентӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – «khizmat.ehukumat.tj» ҷорӣ гардидааст. Гузашта аз ин, дар назди Агентӣ ҷиҳати содаву осон кардани пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ фаъолияти Маркази хизматрасонии давлатӣ ташкил мешавад. Дар марҳалаи аввал 20 намуди хизматрасонии давлатӣ мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ роҳандозӣ мегардад. Ҳамзамон, дар назар аст, ки то охири сол ин шумора ба беш аз 50-то расонда шавад. Дар ин раванд бо ҷалби барномасозони ватанӣ, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа, Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷорӣ карда шуда, барои ҳамгироии пурра амалӣ намудани мукотиботи электронӣ дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, ҷиҳати муосиргардонии раванди рақамӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ «Пули ҳушманд» роҳандозӣ шудааст.
Тавассути низоми мазкур, мақомоти хизматрасон ба «Пули ҳушманд» (Smart Bridge) пайваст шуда, ҳангоми фаъолият маълумот ба таври мустақим ва ё тавассути нусхабардорӣ аз махзанҳои дахлдори чунин мақомот ба махзанҳои таъминкунандаи раванди хизматрасонӣ интиқол дода мешавад. Ба ҳолати кунунӣ дар натиҷаи корбарӣ ба низом 9 вазорату идораи кишвар, аз ҷумла вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, нақлиёт, тандурустӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Бонки миллӣ, Раёсати бозрасии автомобилӣ, пайваст гаштаанд. Ғайр аз ин, аз ҷониби Агентӣ боз як қатор хизматрасониҳо ва низомҳои рақамӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.09.2025 №: 180