ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА. АЗ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ «АМОНАТБОНК» БО АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА

18 сентябр 2025, Панҷшанбе
53

Дар доираи ҳамкории судманд дар самти сари вақт пардохт намудани нафақа ва хизматрасонӣ ба нафақагирон, байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бораи аз нав ба расмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ шартнома ба имзо расид.

Санадро директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ва роҳбари «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода ба имзо расонданд.
Дар доираи ҳамкорӣ «Амонатбонк» ба нафақагирон оид ба гузарондани амалиёти бонкӣ бо истифода аз кортҳои бонкии нафақавӣ барои ройгон истифода намудан имкониятҳо, аз ҷумла ройгон пайваст намудани кортҳои бонкӣ ба SMS-паёмак, огоҳиномаҳо дар мавриди амалиёт ва қабули маблағҳо барои таъмини шаффофият ва назорати шахсӣ, ройгон пайваст намудани барномаи «Амонатмобайл» – дастрасии зуд ва осон ба пардохтҳо, таърихи амалиёт ва хизматрасонии дурдаст, хизматрасонии ройгон дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо (POS-терминалҳо) – истифодаи корт дар дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ғайра, бидуни пардохти комиссия, ройгон пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва давлатӣ тавассути «Амонатмобайл» ва POS-терминалҳо (андозҳо, пардохтҳои давлатӣ, маблағи таваққуфгоҳ, телефони мобилӣ, интернет ва хизматрасониҳои давлатӣ ва ғайра)-ро фароҳам меорад.

Ин иқдом ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба роҳ монда мешавад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.09.2025 №: 180