МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ ФАРОНСА ДАР ТОҶИКИСТОН
17-уми сентябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинол мулоқот кард.
Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва соҳаи сайёҳиро муҳокима намуданд.
Давлаталӣ Саид аз имкониятҳои васеи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо ҳарф зада, гуфт, ки вилояти Хатлон дорои захираҳои бузург дар соҳаҳои сайёҳию кишоварзӣ мебошад ва метавон аз он баҳри рушди туризми дохилию байналмилалӣ истифода намуд.
Иброз шуд, ки дар ҳудуди вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 619 ёдгории бостонӣ, 96 ёдгории меъморӣ ва 225 ёдгории монументалӣ мавҷуд мебошанд, ки бо ташаббуси Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ёдгории нодири таърихӣ – Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, шаҳраки Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён, Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус ва Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.
Сафири Фаронса оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф, хусусан ташкили ихтисосу кафедраҳо бо забони фаронсавӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ибрози назар намуд. Ҳамчунин, ба соҳаи сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ намуда, иброз кард, ки барои ҷалби ширкатҳои сайёҳии Фаронса талош менамояд.
Таъкид гардид, ки соҳибкорону сармоягузорон аз Фаронса метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар вилоят фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштарак бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта ва технологияи нав ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ЗАФАРОБОД. ТАҚВИЯТИ ОМОДАГИҲО БА МАВСИМИ САРМО
Ноҳияи Зафаробод дар асоси нақшаи чорабиниҳо ва тибқи дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ҳамаҷониба омодагӣ мебинад. Бино ба гуфтаи раиси ситоди ноҳиявӣ, муовини раиси ноҳия Меҳриддин Шарифзода, то имрӯз як қатор корҳои муҳим амалӣ гардида, раванди омодагӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Тибқи иттилоъ, ситоди ноҳиявӣ то имрӯз ду ҷаласа гузарондааст ва масъалаи омодагӣ чор маротиба дар маҷлиси назди раиси ноҳия баррасӣ шудааст.
Дар ноҳияи Зафаробод 25 муассисаи таълимӣ, 5 кӯдакистон ва маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд. Барои фаъолияти муътадили онҳо дар мавсими сармо 60 печи барқӣ ва 341 печи бухорӣ омода шудааст. Муассисаҳои таълимӣ бо ангишт ва ҳезум пурра таъмин шудаанд. Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба 34 тонна ангишт ва 9,6 м3 ҳезум эҳтиёҷ доранд ва айни замон бо назардошти бақия бо 35,4 тонна ангишт таъмин гаштаанд. Беморхонаи марказии ноҳия бошад, бо хатти озоди барқ пайваст буда, гармидиҳӣ дар он бо қувваи барқ таъмин мешавад.
Дар самти фарҳанг низ корҳо босамар идома доранд. Эҳтиёҷи онҳо ба 8 тонна ангишт ва 12 м3 ҳезум пурра таъмин шудааст. Корхонаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ низ, тибқи нақша, корҳои таъмири лӯлаҳо, биноҳо, нақлиёт, инчунин, захираи маводи лозимиро анҷом медиҳад. Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия бошад, бо маводи зиддилағжиш, ангишт ва ҳезум пурра таъмин гардидааст.
Хоҷагиҳои кишоварзӣ бояд 60 ҳазор тонна хошоки дурушт захира намоянд. То имрӯз 25 588 тонна хошоки дурушт ҷамъоварӣ гардидааст ва ҷамъоварии хошок идома дорад.
Бино ба таъкиди муовини раиси ноҳия Меҳриддин Шарифзода, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва нигоҳдории роҳҳо ба мавсими зимистон омода мебошанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.09.2025 №: 181-182