КОНФРОНСИ ҶАҲОНИИ GICC. МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИНФРАСОХТОРИ РОҲУ НАҚЛИЁТ
Конфронси GICC аз ҷониби Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёт (MOLIT) ва Ассотсиатсияи байналмилалии сохтмончиён (ICAK)-и Ҷумҳурии Корея созмон дода шуд.
Дар ин хусус ба хабарнигори мо аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд, ки ҳадаф аз ҷамъ овардани намояндагони муассисаҳои давлатии хориҷӣ ва соҳибони асосии лоиҳаҳо барои ҳавасмандгардонии мубодила ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои Корея дар бахши инфрасохтор мебошад.
Имсол дар Конфронси ҷаҳонии GICC беш аз 200 шахси баландпоя аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд.
Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар Конфронс дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаи инфрасохтор ва нақлиёт муаррифӣ намуд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар татбиқи чанд тарҳи инфрасохторӣ ва нақлиётӣ бо Ҷумҳурии Корея ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Корея имсол омодасозии пешниҳоди пеш аз лоиҳа оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ)-и сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Гуфта шуд, ки ҳоло Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки содиротию воридотии Корея (KEXIM) ва Фонди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Корея (EDCF) барои оғози лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии ин иншоот фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Азим Иброҳим, ҳамчунин, таъкид кард, яке аз лоиҳаҳои дигаре, ки дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо мутахассисони Корея амалӣ гардидааст, асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони роҳи оҳани нави Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён мебошад, ки аҳамияти минтақавӣ дорад. Барои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла KEXIM, Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва Роҳи оҳани миллии Корея (Korea National Railway), ҳамкории зич ва мутақобили судманд ба роҳ мондааст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
