НОҲИЯИ АЙНӢ. ГИРОМИДОШТИ УСТОД ГУЛНАЗАР ШУКӮҲИ ТОЗА ДОШТ

23 сентябр 2025, Сешанбе
35


Нақши шахсиятҳои барҷастае мисли Гулназар Келдӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон бисёр муҳим аст. Мо бояд хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллатро гиромӣ дорем.
Эмомалӣ РАҲМОН

20-уми сентябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии муаллифи Суруди миллӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Диёри арҷманди мо” ва рӯнамоии нахустин Девони шоир баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндаи вилояти Суғд, шоирону нависандагони шинохтаи кишвар, намояндагони ВАО ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо сафари меҳмонон ба Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Туғрали Аҳрорӣ ба деҳаи Зосун оғоз ёфт. Даъватшудагон пас аз дуову фотиҳа дар марқади шоир, аз хонаи истиқоматии шоир, ки имрӯзҳо ҳамчун осорхона фаъолият мекунад, боздид намуданд.
Ҳамзамон, тамошои маҷмааи фарҳангии “Боғистон”-и деҳаи Сангистон роҳандозӣ шуд. Дар он ҷо аз толори бошукӯҳи гаҷкоришуда ва китобхона дидан намуда, шоирону нависандагон китобҳои худро ба ин макони хирад ҳадия карданд.
Дар идома маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи устод Гулназар баргузор шуд, ки намунаи эҳтиром ва шукӯҳ ба муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон буд. Дар бахши дигар, Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Диёри арҷманди мо” бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба кори худ оғоз бахшид.
Раиси ноҳия суханони пурбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ёд овард, ки гуфтаанд: “Нақши шахсиятҳои барҷастае мисли Гулназар Келдӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон бисёр муҳим аст. Мо бояд хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллатро гиромӣ дорем”.
– Чорабинии имрӯзаи мо идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарварона ва фарҳангбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз ҷониби МИМҲД ноҳияи Айнӣ дар ҳамоҳангӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, – афзуд раиси ноҳия.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда шодбош гуфта, аз нақши Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик ёдовар шуд.
Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим тазаккур дод, ки устод Гулназар суханвари тозаназар, навҷӯву навовари адабиёти муосири тоҷик эътироф гардида, то ҳол аз ӯ 40 маҷмуаи шеър ба чоп расидааст. Инчунин, мавсуф миёни аҳли адаб чун нависандаи соҳибзавқи насри шоиронаи тоҷик, мутарҷими адабиёти ҷаҳон, шоир ва нависандаи адабиёти кӯдакон, мунаққиду адабиётшинос, драманавис, операнавис, рӯзноманигори шуълавар эътироф гардидааст. Ин ҳама корномаҳои адабии устод Гулназар аз паҳно ва вусъати эҷодии як адиби равшанфикри тоҷик паём мерасонанд, ки дар таҳаввули шуури маънавӣ, андешаи миллии мардум, талқини ғояҳои ватандӯстона хидмат кардааст.
Шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад хотираҳои ибратбахши хешро аз дӯстиву ҳамқаламии устод Гулназар бо аҳли маҳфил ба ҳам диданд.
Коршиноси сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода ва муҳаққиқи варзида Нуралӣ Нурзод бо маърузаҳои пурмуҳтаво ҷойгоҳи шоирро дар фарҳангу адаби миллат мушаххас намуданд.
Муҳимтарин паёми чорабинӣ рӯнамоии Девони устод Гуланзар буд, ки бо шумораи 300 нусха дар нашриёти “Хуросон” бо сифати баланд чоп шудааст. Он ҳамчун барги сабз ба шоирону нависандагон ва дигар меҳмонон армуғон гардид.
Барномаи консертии иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона аз эҷоди устод Гулназар дар иҷрои ҳунарпешагони номвари кишвар Афзалшоҳи Шодӣ, Хосияти Зарафшонӣ, Хурсандмурод Зарифов ва аҳли фарҳанги ноҳия маҳфилро шукӯҳи дигар бахшид.
Меҳмонон ба деҳаи Дар-Дари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, ба хотири бузургдошти шоир дар номгузории ин хона ба номи Гулназар Келдӣ ширкат варзиданд. Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои хонаи фарҳанг як даста китобҳои тозанашри идора ва кундали нақшинеро, ки дар он акси устод Гулназар дар санги бадахшӣ тасвир ёфтааст, тақдим намуд.
Маҳфили “Базми шеъри Гулназар” ҳам дар тарабхонаи нави деҳаи Дар-Дар – “Ораш” бо шукӯҳу хотираҳои нек гузашт.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Душанбе – Айнӣ – Душанбе

Санаи нашр: 23.09.2025 №: 183