ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛ ВА ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК
Ҳар энергетики тоҷик, махсусан роҳбарони зинаҳои боло ва миёнаи ин соҳа, дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар лаҳзаи фаъолият ба хубӣ эҳсос менамоянд. Мусаллам аст, ки Сарвари давлати мо ба рушду тараққиёти соҳаи энергетика эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
Масалан, ман ҳамчун энергетик мутмаинам, ки баъд аз ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27-уми марти соли равон баргузор шуд ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буданд, бобати эътибори махсус ба таъмини барқ дар кишвар дигаргунии таъсирбахшу ҷиддӣ ба миён омад. Воқеан, дар ин ҷаласа таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.
Мо, кормандони неругоҳҳои барқи обӣ, ки ба истеҳсоли барқ машғулем, аз ин шод шудем. Ба он хотир, ки минбаъд маҳсули меҳнатамон беталаф ва аз рӯи таъинот истифода мешаваду нафъи мо ба иқтисодиёту аҳолии кишвар бештар мерасад. Кори истеҳсолкунандагони неруи барқ осон нест. Мо ба механизми мураккабе сару кор дорем, ки он мушкили зиёд дорад. Масалан, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд”, ки яке аз неругоҳҳои муқтадири силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад ва солҳои дароз дар рушди кишвари мо саҳми калоне дорад, аз аввали солҳои истиқлолият, ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ пайдо намуда буд.
Вақте соли 1963 НБО “Сарбанд” бо иқтидори 210 мегаватт ба кор даромад ва калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба шумор мерафт, электрикунонии хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон маҳз ба шарофати он оғоз ёфт. Баъдтар, бо кӯшиши мутахассисон солҳои 1989-1990 иқтидори он ба 240 МВт расонда шуд. Баъди ин, давоми солҳои тулонии фаъолият дар Неругоҳ ба ғайр аз таҷдиди як агрегат дигар ягон амали навсозиву модернизатсия гузаронда нашуда, солҳои охир бо механизмҳои куҳнаву фарсуда бо иқтидори 160-170 МВт кор мекард. Бо назардошти ин вазъият, бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзаму босамари Неругоҳ ва баланд бардоштани эътимоднокии он, ба маънои томаш – эҳёи ин иқтидори энергетикии кишвар буд. Дар лоиҳа ба назар гирифта шуд, ки 5 агрегат, 2 автотрансформатор иваз гардида, дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110-киловолта пурра таҷдид ва бинои нави идоракунию дигар иншооти ба он алоқаманд бунёд мешаванд.
18-уми ноябри соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими оғози навсозии НБО «Сарбанд» баргузор гардид. Баъди ду сол, моҳи ноябри соли 2018, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО “Сарбанд” боз ташриф оварда, агрегати №5-уми Неругоҳро баъди навсозӣ ба истифода доданд. Иқтидори истеҳсолии ин агрегат аз 45 ба 49 МВт баланд гардид. Ҳамин тариқ, агрегати №6 августи соли 2019 бо тавоноии 49 МВт, агрегати №2 ноябри соли 2020 (39 МВт), агрегати №3 марти соли 2022 (49 МВт) ва агрегати №1 апрели соли 2023 бо тавоноии 39 МВт ба кор дароварда шуданд.
Воқеан, дар солҳои истиқлолият ин гуна тадбирҳо дар тамоми неругоҳҳо ва инфрасохтори энергетикии кишвар амалӣ шуда истодаанд. Табиист, ки барои навсозии иқтидорҳои энергетикӣ маблағҳои калон лозим аст. Агар ҳаққи истифодаи барқ пурра пардохт нашавад, дарёфти маблағ барои ин амалҳои зарурӣ мушкил мегардад. Аз дигар тараф, агар барқро мақсаднок истифода набарем, манфиатнокии навсозии неругоҳҳо ва инфрасохтори энергетикӣ ноаён мемонад.
Сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нурафзост. Дар кишвар дар самти электроэнергетика 20 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 2 миллиард доллари ИМА амалӣ гардид, ки дар рушди соҳа саҳми назаррас гузоштанд. Қариб ҳамаи неругоҳҳои амалкунандаи мамлакат навсозӣ шуда истодаанд. Дастовардҳои муҳимтарини соҳаи энергетика ин ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсоли электроэнергия, ба монанди НБО «Сангтӯда-1», НБО «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии №2-юми шаҳри Душанбе, неругоҳҳои барқи обии хурд, сохтмони зеристгоҳҳои барқи «Душанбе-500», «Суғд-500», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба шумор мераванд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» шоҳкории асосии давраи истиқлол аст. Дар бораи «Роғун» бисёр навиштаанд. Ин ҷо ман тафсилот намедиҳам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки бунёди ин Неругоҳи бузург корнамоии Пешвои мо дар марзи номуси миллат, ҳифзи манфиати мардуми мост. Ин тадбирест, ки метавонад рушди ояндаи иқтисоди миллии моро таъмин намояд ва обрӯву нуфузи кишварро баланд бардорад. Ҳамаи ин талошҳо ба он нигаронда шудаанд, ки зиндагии шоистаи мардум, рушду шукуфоии бештари кишвар таъмин гардад. Акнун ба истифодабарандагони неруи барқ вобастааст, ки тавассути таҳкими маърифати энергетикӣ, истифодаи мақсадноки неруи барқ, сарфи назар намудани истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи неруи барқ роҳи расидан ба истиқлоли энергетикиро ҳамвор ва наздиктар созанд.
Ҷамшед ҒУЛОМЗОДА,
директори Силсилаи
неругоҳҳои Вахш
