РӮНАМОИИ «МОҲӢ ДАР ШАСТ». ФИЛМИ БАДЕИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
21-уми сентябр дар шаҳри Теҳрон нахустнамоиши филми бадеии «Моҳӣ дар шаст» баргузор гардид, ки истеҳсоли «Довфилм»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» мебошад. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба АМИТ “Ховар” хабар додааст.
Дар маросими рӯнамоӣ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Созмони садо ва симои Эрон Паймони Ҷабалӣ, таҳиягарон ва гурӯҳи эҷодии филм иштирок намуданд.
Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар, муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов мебошанд.
Филм пурра дар манзараҳои зебои Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом пазируфтааст. Мусиқии филмро бастакори маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон Фардин Халъатбарӣ эҷод намудааст. Ораш Қосимӣ — садогузор, Имоди Худобахш — танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони филманд.
Нақшҳои марказиро Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Наз-риев ва Асланшо Раҳматуллоев хеле ҷолиб офаридаанд.
Филм дар бораи ҳаёти писарбачаи 10-сола – Далер, ҳикоят мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модараш мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тул кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ месозад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун созад, яъне рӯй ба роҳи росту нек биоварад.
Нақши Далерро Абдулло Абдураҳимзода, хонандаи Мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст.
Бинандагони эронӣ ба филм баҳои баланд доданд. Пас аз анҷоми намоиш мутахассисони соҳаи синамои Эрон кори гурӯҳи эҷодиро тавсиф намуда, онро оғози марҳалаи нав дар ҳамкории синамои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ карданд.
Филми «Моҳӣ дар шаст» бори нахуст дар ҷашнвораи бонуфузи «Шлингел» дар шаҳри Шемнитси Олмон, ки аз 27-уми сентябр то 4-уми октябр идома меёбад, иштирок менамояд.
Нахустнамоиши филм дар Тоҷикистон дар доираи Синамоҷашнвораи II байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.09.2025 №: 184