САФАРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИРҒИЗИСТОН
23-юми сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Бишкек сафар намуданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас Рустами Эмомалиро муовини Раиси Жогорку Кенеш ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Дар доираи Форум Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот доштанд. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ВЕДАТ ИШИКХАН
«23-юми сентябр муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Туркия Ведат Ишикхан вохӯрд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, сайёҳӣ, маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
