“АВВАТ”. ҲАМКОРИҲОИ ГУМРУКӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва татбиқи талаботи Конвенсияи ББА, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи “АВВАТ” дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук курси такмили ихтисоси мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ баргузор гашт.
Он дар асоси моддаи 147 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дархости ширкатҳои брокери гумрукӣ созмон дода шуд.
Дар доираи курс, бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи “АВВАТ” семинарҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар самтҳои зерин сурат гирифтанд:
• Барномаҳои рақамии TIR: TIR-EPD, SAFE-TIR ва AskTIR;
• Гузаргоҳҳои сабз ва нақши онҳо дар содагардонии интиқоли борҳо;
• Рақамикунонии низомҳои ҳамлу нақл: e-TIR ва e-CMR.
Дар ин тадорукот, инчунин, кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ширкат варзида, таҷрибаи амалӣ ва иттилооти муфидро дар самти истифодаи системаҳои муосири гумрукӣ соҳиб гардиданд.
Хадамоти гумрук таъкид менамояд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ассотсиатсияи “АВВАТ” минбаъд низ ҷиҳати татбиқи нақшаву ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонии равандҳо ва мутобиқшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома хоҳанд ёфт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ВАҲДАТ. СОКИНОНИ САРЧИНОРИ ПОЁН БАРОИ ОБОДИИ ДЕҲА
КАМАРИ ҲИММАТ БАСТАНД
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар деҳоти шаҳри Ваҳдат низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд. Аз ҷумла, сокинони Сарчинори Поёни деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ободонии деҳа камари ҳиммат бастаанд.
Сокинони деҳа барои ободии зодгоҳи худ даст ба кор шудаанд. Аввалин коре, ки онҳо анҷом доданд, ин мумфарш кардани зиёда аз ҳазор метр роҳи кӯчаҳои деҳа буд.
Тавре сокинони деҳа изҳор намуданд, дар гузашта онҳо воқеан, ба чунин роҳ ниёз доштанд. Ҳоло ба истифода додани роҳ боиси хушҳолии хурду калони деҳа гардид, зеро барои равуо ба маркази шаҳр чун рӯзҳои пешин ба мушкилӣ дучор намешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ободкориҳо охири кор набуда, қарор аст, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинон дар якҷоягӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро, ки сохтмонаш бо маблағи мардуми маҳаллӣ идома дорад, ба истифода диҳанд.
Тибқи маълумоти ба мо дастрас, арзиши умумии лоиҳа як миллион сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо саҳмгузории сокинон ва ҷалби мутахассисони моҳир идома доранд.
Сокинон иброз доштанд, ки сохтмони бинои Муассисаи таълимии мазкур ва корҳои ободонӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
СММ (IREN). ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОХӮРИИ САТҲИ БАЛАНДИ СОЛОНАИ БАРНОМАИ ГЛОБАЛӢ
Чанде қабл дар шаҳри Истанбули Туркия вохӯрии сатҳи баланди солонаи кишварҳои шарики Барномаи глобалии СММ оид ба назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо (IREN) баргузор гардид, ки аз ҷониби идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ташкил карда шуд.
Мақсади асосии вохӯрӣ таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди иқтидори гурӯҳҳои байниидоравии миллӣ (ПГФ) оид ба назорати ҳаракати бор ва мусофирон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Хуршед Шерализода, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Замира Маҳкамова, муовини сардори раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Далер Азимзода, сардори раёсати хидмати амалиётии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карданд.
Дар рафти он ҳайати Тоҷикистон як қатор мулоқотҳои корӣ анҷом дод ва, инчунин, дар бораи пешравиҳои кишвар дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими низоми назорати гумрукӣ ва рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ маълумот пешниҳод намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш аҳамияти идомаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси IREN-ро таъкид намуда, ба масъалаҳои рушди зерсохторҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва роҳандозии воситаҳои муосири таҳлили хавф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
САТТОР ҚАЮМОВ.ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН ОЯД ҲАМЕ...
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят бахшида ба 100-солагии ходими намоёни илмию ҷамъиятӣ, муаррих, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Саттор Қаюмов маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Чорабиниро намояндаи МИМҲД вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ оғоз бахшида, зикр намуд, ки таҷлили зодрӯзи шахсиятҳои бузурги миллат, махсусан фарзандони сарсупурдае чун Саттор Қаюмов, ки тамоми умри худро сарфи таълиму тарбияи ҷавонон, таҳқиқоти илмӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан намудаанд, айни муддаост. Шинохти чунин фарзандони фидоии кору меҳнат дар тарбияи насли ҷавон саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Шавкат Шарипов зимни суханронӣ саҳми арзишманди устодро дар рушди илми таърих, таҳкими низоми таҳсилоти олӣ ва ташкили корҳои сиёсиву тарбиявӣ дар даврони шуравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъкид намуд.
Дар маҳфил, ҳамчунин, шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ва дӯстон хотираҳои хешро аз ҳамкорӣ бо Саттор Қаюмов баён намуда, симои маънавии ин абармарди илму сиёсатро ҳамчун шахсияти фарҳангӣ ва зиёӣ нишон доданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.09.2025 №: 185