АСИКУДА НИЗОМИ АВТОМАТИКУНОНДАШУДАИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТ
Беҳсозии вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар кишвар бо назари ояндабинонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз сиёсати муассиру судманд барнома ва нақшаҳои ҳадафноки рушд бо дастовардҳои соҳавӣ татбиқ мегарданд.
Яке аз ин гуна барномаҳо АСИКУДА мебошад.
Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи стандарти ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Стандартҳои муосири замони соҳибистиқлолӣ талаботи рӯзафзун маҳсуб мегарданд. Ҳамчунин, дар доираи иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки шуруъ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” ба роҳ монда мешавад.
Системаи АСИКУДА бо баназаргирифтани имконоти технологияи рақамӣ чун тарҳи навтарини низом ва услуби корро самаранок мегардонад. Дар ин самт, аллакай, аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддиву техникӣ муҳайё гардида, ҳамкориҳо бо шарикон густурда ба роҳ монда шудааст. Рушди технологияи муосир ва хизматрасониҳои замонавии электронӣ тақозои замон аст, ки дар кишвари мо низ баҳри дастрасии фарох ба имкониятҳо роҳандозӣ мешавад, аз ҷумла дар соҳаи гумрук.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешоҳангӣ, аллакай, шинохта шудааст ва дар раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз Тоҷикистон низ дастовардҳои хос дошта, бо назардошти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳайёсохтани имконоти боз ҳам бештару хубтари хизматрасониҳо, тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд.
Масалан, ҳадафҳо дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ бо мақсади мукаммалгардонии кору хизматрасониҳо пешгирифта шуда, дар як вақт бо таъмини суръат ва сифат иҷрои амалҳои зуруриро анҷом медиҳад, ки вақт ва ҳам хароҷотро коҳиш менамояд.
Дар ин робита, ҷиҳати муносибгардонии назорати гумрукӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз молворидкунандагон дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мазкур манзур намудани маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ на дертар аз ду соат қабл аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад.
Гузариш ба истифодабарии низоми иттилоотии “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифта, ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мусоидат намуда, як марҳалаи муҳим дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.09.2025 №: 185