ФУТЗАЛ

26 сентябр 2025, Ҷумъа
10


Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Футболбозони мо дар даври ниҳоии марҳалаи интихобӣ дар гурӯҳи «С» аз чемпиони чоркаратаи Осиё – Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Дар ҳайати дастаи мо Самандар Ризомов гол зад.
Ба ин тартиб, аз гурӯҳи “С” Ҷопон, ки бо 9 хол ҷойи аввалро гирифт ва тими миллии Тоҷикистон, ки бо шаш хол мақоми дуюмро касб кард, ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 роҳхат гирифтанд. Ин маротибаи 13-ум аст, ки Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё ширкат хоҳад кард. Футболбозони толории мо охирон маротиба соли 2024 дар Тайланд ҷойи чорумро гирифта буданд.
Индонезия ҳамчун мизбон, аз гурӯҳҳои дигари марҳалаи интихобӣ Австралия, Тайланд, Ветнам, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон аз ҷойи аввал, Кувайт, Ҷумҳурии Корея, Ӯзбекистон, Лубнон, Малайзия аз ҷойи дуюм ҳаққи ширкат дар Ҷоми Осиё-2026-ро пайдо карданд. Исми ду дастаи дигар пас аз анҷоми бозиҳои гурӯҳи “D” (18-22-юми октябр) муайян мешавад.

БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
Дар Нагаяи Ҷопон семинари 1-уми роҳбарони ҳайатҳои Бозиҳои 20-уми Осиё доир гашт.
Масъулони варзиш аз кишварҳои Осиё дар шаҳри Нагаяи Ҷопон барои иштирок дар семинари роҳбарони ҳайатҳои Бозиҳои 20-уми Осиё ҷамъ омаданд. Аз ҷумла, намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ин мақсад, ба Ҷопон сафарбар гардиданд.
Тавре Шурои олимпии Осиё хабар додааст, чорабинии асосии вохӯрии чаҳоррӯзаи роҳбарони ҳайатҳо ҳисоби баръакс то оғози Бозиҳо як сол қабл мебошад, ки шоми 23-юми сентябр баргузор шуд.
Иштирокчиён дар ҷаласаи дурӯза ширкат карда, аз маконҳои баргузории мусобиқаҳо дар Нагая, Изу ва Токио дидан намуданд.
Қарор аст дар 20-умин Бозиҳои Осиё, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Аичи ва Нагаяи Ҷопон доир шавад, ҳудуди 15 000 варзишгар ва намояндагони расмии ҳамаи 45 кумитаи миллии олимпии кишварҳои Осиё ширкат кунанд.

ФУТБОЛ
Лигаи олӣ: “Вахш” пешсафиро нигоҳ медорад
Бозиҳои даврҳои 16 ва 17-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дастаи “Вахш”-и Бохтар дар даври 16 бар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 3:2, дар даври 17 бар тими КМВА бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бо 36 хол мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкам кард.
Дар даври 16 “Барқчӣ” бар “Ҳулбук” (2:0), “Регар-ТадАЗ” бар “Истаравшан” (4:2), “Эсхата” бар “Хуҷанд” (1:0) ғалаба карданд. Ду бозии дигар миёни КМВА – “Истиқлол” (3:3) ва “Ҳосилот” – “Равшан” (2:2) мусовӣ анҷом ёфт. Дар даври 17-ум бошад, “Хуҷанд” бар “Ҳулбук” (1:0), “Эсхата” бар “Регар-ТадАЗ” (3:0), “Истиқлол” бар “Барқчӣ” (2:1) ғалаба карда, дар бозиҳо миёни тимҳои “Равшан” – “Панҷшер” (0:0) ва “Истаравшан” – “Ҳосилот” (1:1) ғолиб муайн нашуд.
Дар ҷадвал пас аз “Вахш” “Истиқлол” бо 34 хол дар ҷойи дуюм, КМВА бо 32 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.

ҚАДРДОНӢ
"Тӯби тиллоӣ” насиби Усмон Дембеле шуд
Ҳамлагари 28-солаи бошгоҳи ПСЖ ва тими миллии Фаронса Усмон Дембеле ҷоизаи нашрияи “France Football” – “Беҳтарин футболбози ҷаҳон”-ро ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи 2024/2025 шоми 23-юми сентябр дар Париж доир гашт.
Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” муътабартарин ҷоиза дар футболи ҷаҳон дониста мешавад. Он аз соли 1956 ба беҳтарин футболбозон тақдим мегардад. Капитанҳо ва мураббиёни тимҳои миллӣ, инчунин, хабарнигорони варзишӣ барои беҳтарин бозигари ҷаҳон овоз медиҳанд.
Ин аввалин «Тӯби тиллоӣ» дар корномаи Дембеле ба шумор меравад. Ӯ дар ҳайати ПСЖ 53 бозӣ карда, ҳамроҳи даста дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ғолиб шуд. Ӯ дар ҳайати даста 35 гол зада, 14 паси головар анҷом додааст.
Ғолиби Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2023 Айтана Бонмати аз тими "Барселона" бори сеюм пайиҳам барандаи "Тӯби тиллоӣ" миёни бонувон шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.09.2025 №: 185