МЕЪМОРӢ. СОҲАЕ, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД
Меъмории муосир ё бинокорӣ дар ҳоли таҳаввулот буда, технологияҳо, маводҳо ва афзалиятҳои зебоии нав, услубҳои наву куҳнаро бо назардошти ниёзҳо ва талаботи нав инъикос мекунад. Масалан, биноҳои муосир аксар вақт бо истифода аз масолеҳ ва технологияҳои нави сохтмонӣ, бо назардошти фаъолият ва самаранокии максималӣ, тарҳрезӣ мешаванд. Бисёри биноҳои муосир бо тарҳҳои мухтасар, истифодаи маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва кам будани таъсири онҳо ба муҳити атроф фарқкунандаанд. Инчунин, меъморони муосир аксар вақт унсурҳои ороишии миллиро истифода мебаранд, то ба бино намои хос бахшанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷиҳатҳои меъморӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гашта, навовариҳо дар меъмории миллӣ зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Гуфтан бамаврид аст, ки ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва истеҳсоливу хизматрасонӣ босуръат бунёд мешаванд. Дар шаҳри Душанбе, ки таҳти роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ босуръат рушд менамояд, як омезиши ҷолиби анъанаҳо ва тамоюлҳои муосирро бо нигоҳ доштани вижагӣ ва ҳувияти фарҳанги миллӣ дар меъмориву бинокорӣ метавон возеҳ мушоҳида кард.
Ҷиҳати дар сатҳу сифати баланди меъморӣ бунёд ёфтани биноҳо дар мамлакат Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ намудани онҳо фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст. Тибқи иттилои Кумита, танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба масоҳати 526,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 10 697 хонанда, дармонгоҳ барои 368 нафар дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 510 ҷой мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, гуфтан ба маврид аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар ҳузури роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини зилзилатобоварӣ, рушди технологияҳои энергиясамаранокии «сабз» ва шаҳрсозӣ, инчунин, рақамикунонии раванди сохтмон ба имзо расонда шуд. Дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳамкориҳо дар самти таъмини зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот, рушди «технологияҳои сабз» дар сохтмон, такмили шаҳрсозӣ ва навсозӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар маҷмуъ, меъмории муосир як соҳаи босуръат рушдёбанда аст, ки пайваста дар ҷустуҷӯи шаклҳо, технологияҳо ва роҳҳои нави ҳал ба талаботи ҷаҳони муосир мебошад ва вобаста ба ин пеш меравад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.09.2025 №: 185