ДУШАНБЕ. АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «ТАСМАИ БЕХАТАРӢ» ВА «СКУТЕР» ИДОМА ДОРАД

26 сентябр 2025, Ҷумъа
5

Аз 15 то 25 сентябр дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифи шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» гузаронда шуд.

Зимни гузарондани ин амалиёт кормандони милитсия ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон, ҳамчунин, ба қоидаҳои истифодаи мототсикл ва скутер таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.


Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар роҳҳо эҳтиёткорона ҳаракат намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, зеро риояи ин талабот кафолати амнияти шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад.
Вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирон ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад.
Амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» дар шаҳри Душанбе аз соли 2023 ҳар сол гузаронда мешавад.
Солҳои охир сохторҳои масъули давлатӣ ба паст кардани сатҳи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар ва дар маҷмуъ, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ диққати махсус медиҳанд. Дар ин замина гурӯҳи кории муштараки Вазорати нақлиёт ва РБДА ВКД ҶТ таъсис ёфтааст.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.09.2025 №: 185