Нишасти вазирони корҳои хориҷии СҲИ

29 сентябр 2025, Душанбе
19


Дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти суханронӣ вазир пойбандии Тоҷикистонро ба принсипҳои СҲИ бори дигар изҳор дошта, хостори таҳкими иттиҳод дар ҳалли мушкилоти муштарак шуд. Ӯ аҳамияти зарурати таҳкими сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳони исломро таъкид кард.


Афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Россия
«Соли 2024 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод». Дар ин хусус 26-уми сентябр зимни вохӯрии вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳамтои худ аз Федератсияи Россия Антон Силуанов иттилоъ дода шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки вохӯрии ҷонибҳо дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Россия доир гашт. Тарафҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Россияро ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон таъкид намуданд.


Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО ворид шуд
27-уми сентябр зимни ҷаласаи 37-уми Шурои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи «Инсон ва биосфера» дар шаҳри Ханчжоуи Чин Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.
Мамнуъгоҳ, ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст. Эътироф кардани «Ромит» ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти ниёзи ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.


Ҳайати Тоҷикистон дар Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои аъзои ИДМ
Дар шаҳри Тошкент иҷлосияи Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки иҷлосия бо мақсади баррасии самтҳои стратегӣ ва мубодилаи дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва зуҳуроти хатарноки табиӣ доир гардид.
Дар доираи иҷлосия масъалаҳои рушди фаъолияти хадамоти миллии обуҳавошиносӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ муҳокима шуданд.

Санаи нашр: 29.09.2025 №: 187